МОДАРОНИ МЕҲРУБОН,
БОНУВОНИ МУҲТАРАМ,
ХОҲАРОНИ АЗИЗ!
Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва гиромидошти хизматҳои модар дар феҳристи иду ҷашнҳои кишварамон ҳамчун саҳифаи нав ворид гардидааст, ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувони ноҳия самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландиро орзу менамоям.
Дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 нақши занону духтарон дар рушди имрӯзаи ҷомеа мусбат арзёбӣ гардида, таъкид карда шуд, ки дар доираи талаботҳои Фармони Президент оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа минбаъд низ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 1-уми марти соли 2020 баргузор гардид, ин дастур мавриди амал қарор дода шуда, дар зинаҳои маҷлисҳои болоӣ ва маҳаллии вакилони халқ теъдоди муайяни занону ҷавондухтарони донишманду болаёқат ба сифати вакил интихоб гардиданд.
Аз шумораи 40 нафар вакили интихобгардида ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш 14 нафарашонро занону ҷавондухтарон ташкил медиҳад, ки саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои мухталифи имрӯзаи ҷомеа назаррас арзёбӣ гардидааст.
Дар асл бояд қайд намуд, ки нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқати худ номи зан–модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.
Аслан сиришти зану модарони рӯйи олам аз покию зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст.
Аз ин рӯ мо ин рӯзи фараҳбахшро бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳама давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор бисёр бузург аст.
Гузашта аз ин зан-модар мураббии аҳли башар ва нахуст устоди инсон мебошад. Аз ин лиҳоз пос доштани эҳтироми ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат амволи писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
Бузурге фармудааст «Набояд фаромӯш кард, ки кулли мардум, аз он ҷумла пайғамбарону авлиёҳо, қаҳрамонону бузургон ва худи мо аз падару модар ба олами ҳастӣ арзи вуҷуд кардаем».
Дар тамоми таърихи тулонии миллати тоҷик рисолати офарандагию тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан-модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст ва имрӯз низ шоирону нависандагон бузургии модарро васф мекунанд.
Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд бо поктинатию инсондӯстӣ, нексириштию фарҳангпарварӣ ва созандагию заҳматписандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиамон саҳми шоиста доранд.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои занону модарон на танҳо тарбиятгар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдон ва ҳомиёни Ватанро мебинад.
Саҳми фаъолзанони ноҳияи Вахш низ дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи кишварамон назаррас мебошад, ки хизматҳои як зумраи онҳо ба монанди Абдуллоева Муҳаббат, Тағоева Садафмо, Қосимова Ҳилолмо, Тешаева Парвина, Азарабекова Бибиё ва Нодирова Зебонисо аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шудаанд.
ҲОЗИРИНИ ГИРОМӢ,
Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуда, ба хотири таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштаанд.
Ҳамаи ин нерӯву ҷасорати занон ба инобат гирифта шуда, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» барои боз ҳам фаъолтар шудани мавқеъи занон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.
Имрӯз 124 нафар занону ҷавондухтарони ноҳия ҳамчун роҳбар дар ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот фаъолият бурда, 174 нафари дигар ба соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Барои рушди соҳибкории хурду миёна соли 2019 ба 4 нафар ва соли 2018 ба 3 нафар соҳибкорзанони ноҳия Гранти Президентӣ ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ва Гранти раиси вилояти Хатлон ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Аз шумораи умумии 6 ҳазору 483 адад хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар ноҳия мавҷуд мебошад, 1399 адади онро занон роҳбарӣ намуда, дар баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолшуда саҳми беандоза мегузоранд.
Дар ноҳия айни ҳол 15 адад коргоҳҳои хурд таъсис дода шуда, дар самтҳои гуногун фаъолият мебаранд, ки дар онҳо 135 нафар занону ҷавондухтарон ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар аксари ин коргоҳҳо занону бонувони ноҳия ба эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон аз қабили қолинбофӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, бандбофӣ, муҳрабофӣ ва қуроқдӯзӣ машғул буда, ҳамзамон нозукиҳои ин ҳунарҳои аҷдодиро ба наслҳои ҷавони имрӯза меомӯзонанд.
Бо иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллатамон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 бо мақсади гиромидошт ба арзишҳои миллии ниёгонамон эълон намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳар яки Шумо занону модарони азизро водор менамояд, ки ҷиҳати ҷонибдорӣ аз ин ташаббуси роҳбари давлатамон бо сарфарозӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ баҳри вусъат додан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати рушди бонизоми деҳот, фароҳам овардани заминаҳои воқеӣ барои рушди сайёҳӣ ва ниҳоят тарғибу ташвиқ намудани ҳунарҳои мардумиамон бо таъсис додани коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулотҳои мардумӣ заминаҳои воқеӣ гузошта, бо ин васила дар замири ҷавонону наврасон эҳтирому эътиқоди ватандорию ватандӯстиро зиёд намоед.
МОДАРОНУ БОНУВОНИ ГИРОМӢ!
Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор рафта, дар ин амри хайр нақши зан-модар ниҳоят муҳим мебошад.
Гарчанде мову шумо дар ин толор ба хотири гиромидошти Рӯзи модар ҷамъ омадаем, вале мехоҳам бо истифода аз ҳузури шумо дар бораи баъзе камбудиҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа вуҷуд доранд, ибрози назар намоям.
Бо сабаби беназоратӣ, дуруст тарбия наёфтан, аз мактаб дур мондан ва аз муҳити тарбияи хонавода ва ҷамъият берун шудан боис гардидааст, ки иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст, ҷудо шудани оилаҳои ҷавон мебошад.
Тайи солҳои охир ҳолатҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешовандони наздик, таваллуди кӯдакони маъюб зиёд шуда, аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Борҳо мушоҳида гардидааст, ки баъди бекоршавии ақди никоҳ кӯдакон дар нимароҳ монда, азоби рӯҳиву ҷисмонӣ мекашанд.
Мувофиқи маълумотҳои соҳаи тандурустии ноҳия дар натиҷаи барпо намудани оила аз ҳисоби хешовандони наздик аз давраи соли 1997 то инҷониб дар ноҳия 35 кӯдакон бо нуқсонҳои модарзодӣ, маъюбу маслуқ таваллуд шудаанд.
Дар масъалаи никоҳи байни хешу таборони наздик аз намояндагони мазҳаб, олимон ва донишмандони гузаштаву ҳозира ривоятҳо ва таъкидҳои зиёде мавҷуданд, ки дар онҳо никоҳи хешутабории наздик маҳкум карда мешавад.
Мо бояд таъкидҳо ва гуфтаҳои гузаштагонро фаромӯш накунем, аз илми муосири тиб ва дастовардҳои он истифода намуда, пеши роҳи ин хатарро, ки ба генофонди миллат таъсири манфии худро мерасонад гирифта, баҳри боз ҳам хушбахт намудани наслҳои солим ва ояндасози миллатамон тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоем.
Аз ин рӯ пеш аз он, ки падару модарони азиз барои бунёди оилаи фарзандони худ мақсад мегузоред, қаблан барои соҳибмаълумот ва дорои касбу ҳунарҳои гуногун гардонидани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешед, то ин, ки дар ҳаёти минбаъда ба мушкилиҳои зиёд дучор нагарданд.
БОНУВОН ВА МОДАРОНИ АЗИЗ!
Вақтҳои охир ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарон, ташвиқи либосҳои бегона низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.
Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.
Баъзе аз занону ҷавондухтарони мо бо мақсади таблиғи ақидаҳои ифротӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни навро ҷорӣ намоянд.
Вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта зарур аст, ки ташкилотҳои динии ноҳия, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, нашрияҳои дар ноҳия фаъолиятдошта ва дар маҷмӯъ аҳли ҷамоатчигии ноҳия ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии фарҳанг ва либоспӯшии бегона тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин ба ҷавонмардон хотиррасон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ расида, занони худро самимона дӯст дошта, пуштибони онҳо бошанд ва амалеро ба ҷо биёранд, ки модарону занон на ашки ғаму ғусса, балки ашки шодӣ резанд.
Бигзор Рӯзи модар ба кулли занону модарони меҳрубони мо хушрӯзиву саодатмандиро насиб гардонад ва духтаронамон хушбахту хуштолеъ гардида, дар оянда соҳиби хонаи ободу оилаи солим гарданд. Бо ифодаи ҳамин орзуҳои нек бори дигар Рӯзи модар ва иди баҳорро ба ҳар яки шумо ва аҳли хонадонатон самимона муборакбод мегуям.
ҲАМЕША ХУШБАХТУ САРБАЛАНД БОШЕД,
ЗАНОНУ МОДАРОНИ АЗИЗ!