Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳия бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабинї кормандони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолзанон, кормандони маорифи тандурустї, соҳоти хоҷагии халқи ноҳия аз ҳисоби занон ширкат доштанд.
Пеш аз оѓози вохӯрї иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналї Юсупов аз намоиши дастовардҳои занони ҳунарманд дидан кард. Сипас, дар толори муассисаи мазкур бо сухани табрики аҳли нишастро ба Рӯзи модар таҳният гуфта, ба корҳои минбаъдаи онҳо муваффақиятҳо таманно намуда, собиқадорону фаъолзанонро бо сипоснома, туҳфа ва мукофотпулии раиси ноҳия сарфароз гардонид. Ҳамчунин ба зиёда аз 130 модарону бонувон бо туҳфаҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия қадрдонї шуданд.
Кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо чорабинии ҷолиби фарҳангї табъи ҳозиринро шод гардониданд.