АЗ НАТИҶАИ ИНТИХОБОТ ДАР НОҲИЯ

Душанбе, 02/03/02020-14:55

 1-уми марти соли ҷорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳалии халқ шуда гузашт. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз ҳар вақта дида барои бо муваффақият ҷамъбаст намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷиддитар машғул шуда, онро дар як сатҳи баланди сиёсӣ гузаронид.

Яке аз масъалаҳою вазифаҳои муҳими мо ҳизбиён ва фаъолон чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон изҳор доштанд, дар доираи қонунҳои амалкунанда ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор кардани интихоботи демократӣ, шаффоф ва озод мебошад.

  Ҳизби мо дар радифи шаш ҳизби дигари сиёсӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, баробар иштирок мекунад ва барои ба даст овардани курсиҳои намояндагӣ дар парлумон мубориза мебарад. Баҳри амалии ҳадафҳои ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ситоди пешазинтихоботии ҳизб аз ҳисоби шахсони обруманд, олимони ҷавон, кормандони ҳизбӣ, хизматчиёни давлатӣ, шахсони одии собиқаҳои калони меҳнатӣ ва таҷрибаи бойи зиндагӣ дошта таъсис дода шуда, аз рўи нақшаи кории гуногунранг ин маъракаи муҳими сиёсиро ба роҳ монд.

  Дар натиҷаи амали гардидани мақсадҳои ба миён гузошта ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба чунин натиҷаи сиёсӣ ноил гашт. Аз панҷ нафар номзадҳои ба МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбари намуда, интихобкунандагон ба номзади арзандаи худ Сафарзода Б.А, ки дар конференсияи худи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш пешбарӣ гардида буд зиёда аз 65-фоизи райи худро доданд. Аз 16 номзад ба вакили Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон 4-нафар барои ҲХДТ соҳиби ин номи баланди пурмасъулият гардиданд. Дар 40-ҳавзаи интихоботии Маҷлиси вакилони ноҳия 120-нафар номзад пешбари гардида буд. Аз онҳо беҳтаринҳо ба номи пуршарафи вакили ноил гаштанд.

  Акнун дар пеши вакилони тозаинтихобгардидаи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш масъала аз он меистад, ки барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва сиёсати устуворонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифтаро мақсади асоси ҳисобида, бо иштироки бевосита ва бавоситаи худ дар фаъолияти мақомоти намояндагӣ, мусоидат намуда, амали гардидани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳояшон баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар бунёди ҷомеаи озод саҳми босазои худро гузоранду тамоми мардумро барои расидан ба ин зиндагии шоиста равона намоянд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *