Якшанбе, 01/03/2020-18:40
Пиру ҷавони ноҳияи Вахш аз субҳи содиқ бо мақсади дар сатҳи баланд доир гардидани интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ба таври фаъолона ба учаскаҳои интихоботӣ ҳозир гардида, ба тарафдории вакилон овоз доданд.
Ҳамчунин яке пири барнодил Тўхта Умиров, сокини Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и ноҳияи Вахш, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст.
Бо кумаки фарзандон асо дар даст дар учаскаи интихоботии №23 омада, ба тарафдории номзади арзанда овоз дод. Ҳангоми ворид кардани бюлитентҳои овоздиҳӣ ҳарфи шукрон ба лаб оварда, чунин суханҳоро гуфт: Баҳри ободӣ, гул-гулшукуфоии Ватан ва ваҳдати ягонагии тоҷикон.
Зимни суҳбат Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Вахш №32 Азизулло Неъматов иброз намуд, ки барои дар сатҳи баланд гузаштани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 123 ҳазору 851 нафар интихобкунандагон ба рӯйхат гирифта шудаанд, то соати 18:00 интихобкунандагон фаъолона иштирок намуда 100 ҳазору 105 нафар овоз доданд, ки 80,8 фоизро ташкил медиҳанд.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки интихоботи имрӯза бо таври шаффоф ва дар сатҳи баланд хоҳад гузашт.