Панҷшанбе, 27/02/2020 – 18:20
Имрўзҳо дар саросари кишварамон омодагиҳо ва корҳои таблиѓотиву ташвиқоти барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани маъракаи сиёсии интихоботи Маҷлиси намояндагони, Маҷлисҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо идома дорад.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистион дар ноҳияи Вахш бо ҳамин мақсад дар Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод», деҳаи Мискинобод, бо иштироки номзадҳо вохўрӣ баргузор гардид. Дар вохўрӣ раиси ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов О. баромад намуда, сипас суханро ба номзад аз ҲХДТ, Сафарзода Бахтовар Амиралӣ доданд. Номзад дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва фишурдаи барномаи худро ироа намуд.