ВОХЎРИИ СУДМАНД

Сешанбе, 25/02/2020-10:17

Дар МТМУ №16- и  Ҷамоати  Тоҷикибод- и  ноҳияи  Вахш   вохўрии номзади пешниҳодшуда аз ҲХДТ бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар вохўрӣ Одилҷон  Маҳмадов- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Илҳом Даминов – Котиби Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон, Сафарзода Бахтовар Амирали номзад аз ҳавзаи якмандатии Вахш №32, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш  ва шахсони боэътимоди номзад иштирок ва баромад  намуданд. Шахсони боэътимоди номзад аҳли нишастро бо шарҳи хол ва барномаи пешазинтихоботии ў шинос намуда, мавсуфро шахси арзанда барои интихобот ба ин вазифаи пурмасъулият донист.

Дар фарҷоми вохўрии  мазкур аз интихобкунандагон даъват шуд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ба номзадҳои арзанда овоз диҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *