ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД

Якшанбе, 23/02/2020- 08:23

Ҳайдар Қосимов, яке аз шахсиятҳои шиноха, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дар ноҳияи Вахш кору фаъолият дошт. Дар даврони Шӯравӣ вай дар иттиҳодияи чорводории ба номи Жданови ноҳияи Вахш кору фаъолият мекард. Ноҳияи Вахш бо қаҳрамонаш ифтихор дошт ва дар ҳамаи чорабиниҳо Ҳайдар Қосимов гули сари сабад буд. Ҳамасола дар арафаи иди Ѓалаба бар фашизми Германия дар ноҳияи Вахш бо хотири Ҳайдар Қосимов мусобиқамои ҷумҳуриявӣ оид ба гуштингирӣ гузоронида мешуд ва дар он паҳлавонон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат меварзиданд. Ѓолибон соҳиби Ҷоми «Ҳайдар Қосимов» мегардиданд.

Ҳайдар Қосимов аз ин эҳтирому қадршиносиҳо шукргузор буда, дар хизмати халқу ватан ҳамеша омода буд. Ба муассисаҳои таълимӣ даъват шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбату вохӯриҳо доир менамуд. Дар бораи корнамои ҷангиаш қиссаҳо мекард. Ба насли ҷавонону наврас дар бораи дӯст доштани Ватан, давлату миллати хеш ва ҳифзи он дастуру маслиҳатҳо медод. Зиндагии хубу осудае дошт қаҳрамони мо, лекин дар давроне, ки бояд баъди иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва кору фаъолият дар халқаи наздикону пайвандонаш давлати пирӣ меронд, нооромиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон сар шуданд.

Баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ҲНИ, ки дар даврони Шӯравӣ низ махфиёна дар Тоҷикистон фаъолият мекард, ҳаракатҳояшро фаъолтар намуда, бо маблағгузории хоҷагони хориҷии худ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо тарафдорони худро ҷамъ карда, ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ шомил месохт. Бо роҳи фиреб зери ниқоби дини мубини Ислом амал намуда, мардумро бо ҳаргуна роҳу восита ба худ ҷалб карда, бар зидди давлату ҳукумат мешуронд. Гирдиҳамоӣ ташкил намуда, ашхосе, ки ба онхо пайравӣ намекард, кофир эълон менамуданд ва ҳатто ба қатл мерасониданд.  Ба хотири дини мубини Ислом бисёр шахсиятҳо онҳоро тарафдори менамуданд.

Дар майдони Шаҳидон ҷонибдорони ҲНИ бар зидди ҳукумат ҷамъ омада, истеъфои онро талаб менамуданд. Дар майдони Озодӣ бошад, ҷонибдорони Ҳукумат Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки нахустќадамҳои худро мустақилона мегузошт, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Аъзоёни ҲНИ ба ҷонибдории ҳукумат, ки дар майдони Озодӣ ҷамъ омода буданд, оташ кушоданд, ки чандин шахсиятҳои бегуноҳ дар онҷо кушта шуд. Бо даъвати ҳукумат ба хотири ором намудани вазъи сиёсӣ мардуми дар майдони Озодӣ ҷамъомада майдонро тарк намуда, ба хонаҳояшон баргаштанд.  Ба ин нигоҳ накарда, наҳзатиён ба қатлу куштор ва ғорат намудани мардум идома медоданд. Дороии онҳоро аз худ намуданд. Мардум ба ин бесарусомониҳо тоқат накарда, бар зидди онҳо мубориза бархост. Аксарияти ҷонибдорони ҲНИ Қаротегин ва водии Рашт буданд ва онхо ба муқобилият тоб наоварда, ба хориҷӣ кишвар фирор намуданд. Дар Афғонистон саркардаҳои ҲНИ қароргоҳ ташкил намуда, аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои калон мегирифтанд. Маблағҳои гирифтаашонро барои худ истифода мебурданд. Чӣ қадаре, ки сафи гурезаҳо зиёд мешуд, ҳамон қадар даромади онҳо меафзуд ва онҳо ҳаракат мекарданд, ки бо ҳар роҳу восита мардумро аз Тоҷикистон ба Афғонистон гузаронанд. Мардум аз ин кору кирдори онҳо бохабар гашта, норозигиҳо баён менамуданд.

Байни худ саркардаҳои ҲНИ ва қумандонҳои онҳо низ нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада, дар тақсимоти маблағ ва маводҳои ғизоӣ, ки барои гурезаҳо расонида мешуд, ҷангу ҷанҷол ба вуҷуд меомад.

Ҳайдар Қосимов, ки чи будани ҷангу оқибатҳои харобиовари онро медонист, ба даъвати аъзоён ва қумандонҳои ҲНИ гўш намедод. Аз хоки Тоҷикистон баромаданро намекард. Онҳоро ҳамеша насиҳат мекард, ки ба ин кор хотима бахшида ҳама якҷо шаванд. Ватани соҳибистиқлолро, ки орзую ормони деринаи мардум буд. Ободу зебо гардонида дар пешрафту тараққиёти он саҳми худро гузоранд.

Ҳайдар Қосимов душман эълон намуда, дар ноҳияи Қумсангир ваҳшиёна ба қатл мерасонанд.

Ҳайдар Қосимов, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда, соҳиби унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардид, марзу буми давлату миллати хешро ҳимоя намуда, бо ғалаба ба ватан баргашт. Саркардаҳои ҲНИ ӯро душман эълон намуда, аз дасти нофалафон, нотавониноне, ки чи будани давлату миллат ва обрую эътибори онро намедонанд, дар ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) ба қатл расониданд.

Имрӯз Ҳайдар Қосимов дар ёду дидаи мардум зинда буда, МТМУ №39-и ноҳияи Вахш ба номи ӯ гузошта шуда, ҳамеша бо некӣ ёдаш мекунанд.

Азизулло Неъматов,

раиси КИК кормандони

маорифи ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *