ПАЁМИ ПЕШВО- САРМАШҚИ КОРИ МО

Шанбе, 22/02/2020-08:50

Ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, шиносоии наздики мардум бо номзадҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш   вохўрии навбатии худро  дар МТМУ №9-и  маҳаллаи Ҳосилобод- и Ҷамоати шаҳраки Киров-и ноҳия бо аҳолӣ доир намуд.

Сараввал  раиси ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада қайд карданд, ки санаи 1-уми марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои Маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо доир мегардад ва шахсоне, ки ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд, набояд дар ин маъраки муҳими сиёси бепарвоӣ зоҳир намояд ва дар интихобот баҳри рушди босуботи ватани маҳбубамон Тоҷикистон маҳбуб ба вакилони арзандаи худ овоз диҳанд. Дар рафти вохўрии мазкур ҳар як номзад баромад намуда, барномаи пешазинтихотии худро шарҳу тавзеҳ доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *