ВОХЎРИИ СУДМАНД

Шанбе, 22/02/2020-08:45

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, вохўрии сокинони маҳалла ва номзад аз Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, раиси ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Вахш О. Маҳмадов баргузор шуд.   

Раиси ситод ҳамчун шахси боэътимоди номзад Сафарзода Бахтовар Амиралӣ баромад намуда, ба ҳозирин шарҳи ҳоли номзад ва фишурдаи барномаи пешазинтихоботии ўро ироа намуд.

Сафарзода. Б.А низ суханронӣ намуда, он чи ки ҳангоми вакили дар давоми 5 сол ба анҷом расонида буданд, маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Ҳамзамон ба ҳозирин барои иштирок дар интихобот ва вазифаҳои дар пешистодаи ҳар як шаҳрванд дар ин маъракаи сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Сулҳу ваҳдат ва ягонагии мамлакат аст, ки имрўзҳо дар фазои демократӣ ҳар як шаҳрванд метавонад озодона дар интихобот иштирок намуда, райъи худро ба номзади арзандаи худ диҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *