С У Х А Н Р О Н И И Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумъа, 21/02/2020-18:25

Муҳтарам афсарону аскарон!

Ҳозирини гиромӣ!

Бисту ҳафт сол мешавад, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати хизматии худ-ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро  сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Ба муносибати ин санаи фархунда ҳамаи Шумо ҳомиёни содиқи Ватанро самимона табрик гуфта, ба Шумо  тансиҳативу саодатмандиро орзу намуда, баҳри иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматиатон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.

Бояд хотиррасон намоям, ки таҷлили  ҷашни имсолаи рўзи Артиши миллӣ ба даврае  рост омадааст, ки мардуми шарифи кишварамон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Вахш  дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми ироанамудаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019  бармеояд, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкориву созандагӣ баҳри истиқболи бошукўҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва амалӣ намудани ташаббусҳои наҷибонаашон  баҳри  рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи кишварамон, бахусус соҳаи маориф  бо дарки баланди масъулияти хизматӣ ва ватандорӣ фаъолият намуда истодаанд.

Ташкил намудани Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон  яке аз рўйдодҳои басо муҳим ба ҳисоб  рафта, ҳадафи асосии он таъмини амнияту оромии Ватани мањбубамон  мебошад.

Аз рўзҳои аввали роҳбари давлат интихоб гардидани худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсис додан  ва аз лиҳози моддию техникӣ қудратманд намудани Артиши миллӣ кўшишу заҳматҳои зиёде намудаанд.

Дар рўзҳои барои ин миллату Ватан мураккаб ташкил ёфтани Артиши миллӣ баҳри  ҳимояи Ватан ва аввалин намоиши ҳарбие, ки 23 феврали соли 1993 дар майдони «Дустӣ»-и пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргузор шуд, натиҷаи ҳамин заҳматҳои Сарвари давлатамон мебошад.

Ин аст, ки ҳамасола санаи 23-юми феврал дар Тоҷикистон ҳамчун  рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне иди муҳофизони Ватан бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин муддат Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандўстӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.     

Ҳукумати мамлакат дар доираи Барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби  омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мекунад.

Зеро дар  марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат  аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошанд.

Аз ин хотир ҳар як  ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ аз ў пеш аз ҳама иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллї- Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам  хотирнишон менамоянд, ки дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурўҳҳои ҷиноятӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки  афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамасола дар мавсими баҳорӣ ва тирамоҳӣ беш аз 360 нафар ҷавонони содиқи ноҳияи Вахш ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, хизмати Модар-Ватанро сарбаландона ба иҷро мерасонанд. 

Ин раванд, яъне бедор кардани ҳисси ватанпарастии ҷавонон ва ташвиқу тарѓиби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, натиҷаи саъю талошҳои пайвастаи Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат дар самти фароҳам овардани шароити лозимӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.

Дар баробари ҳамаи ин имрўз бояд иловатан тарбияи пеш аз даъватиро байни ҷавонон дар якҷоягӣ бо созмонҳои ҷавонон, бахши кор бо занон ва оила, маориф, тандурустӣ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия пурзур намоем.

Ҷавононро аз синни хурдсоливу наврасӣ дар руҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, меҳанпарастӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, марзу буми Ватани азиз тарбия намоем.

Дар тарбияи ватанпарастии аҳолӣ, хусусан ҷавонон ба мо зарур аст, ки таҷрибаи бойи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони башардўст ва собиќадоронро истифода барем.

Зеро ҳаёти  бобарори онҳо чун саҳифамои пур аз шуҷоату корнамоиҳо боиси пайравӣ ва  омўзиш буда, дар тарбияи ватандўстӣ ва маънавии ҷавонон мусоидат менамояд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни  таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар симои Шумо ба тамоми хизматчиёни низомии мамлакат сиҳатмандиву хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзу менамоям.

Рўзи ҳомиёни Ватан муборак,

Ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *