МУЛОЌОТИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБОТКУНАНДАГОН

Шанбе, 22/02/2020-08:48

Дар  Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ сокинони маҳал ва ҳайати гурўҳи таблиғотӣ вохўрӣ баргузор гардид. Дар ин вохўрӣ номзад аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Вахш №32  аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, раиси ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов, раиси ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ М.Абдулҳаев, номзад Ҳ.Холиқзода ва муовини раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ А.Абдусаломзода  иштирок доштанд.

Сараввал раиси ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи     Ҷ.Балхӣ М.Абдулҳаев ба сухан баромада аҳли раёсатро муаррифӣ намуда, суханро ба раиси ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Вахш    О.Маҳмадов доданд.

Раиси ситод ҳамчун шахси боэътимоди номзад Сафарзода Бахтовар Амиралӣ баромад намуда, ба ҳозирин шарҳи ҳоли номзад ва фишурдаи барномаи пешазинтихоботии ўро ироа намуд.

Сипас суханро ба номзад Сафарзода Бахтовар Амиралӣ доданд. Ў ҷиҳати фаъолияти 5-солаи вакилии худ ба ањли ҷамоатчигӣ маълумот дода, дархосту пешнињодҳои онҳоро пурсон шуд.   

Ҳамин тариқ дар рафти вохўрӣ номзад Ҳ. Холиқзода ва муовини раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ А.Абдусаломзода низ баромад намуданд.

Чун имрўз дар саросари кишвари азизамон маъракаи сиёсии пешазинтихоботӣ оѓоз гардидааст, кормандони ҳизби ноҳияи Вахш ҳамарўза кўшиш карда истодаанд, ки бо мардуми деҳот сўҳбату вохўриҳо анљом диҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *