Ҷумъа, 21/02/2020-16:50
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Вахш бо сокинони ноҳия сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд.
Чун дар саросари кишвари азизамон омодагиҳо ба маъракаи сиёсии дар пешистода, яъне интихоботи номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома дорад ва дар деҳаи «Истиқлол»-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш, бо аҳли ҷамоатчигӣ вохӯри баргузор гардид. Дар ин вохӯри номзадҳо иштирок ва суханронӣ намуда, бо аҳолӣ шинос шуданд.
Сокинон дар рафти интихобот озодона метавонанд иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд ва барои ояндаи босаодати давлату миллат, ояндаи неки худ ва фарзандони худ саҳми арзандаи худро гузорад.