МУЛОҚОТ БО ВАКИЛОН

Сешанбе, 18/02/2020-17:36

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш  ва номзадҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва номзадҳои Маҷлисҳои маҳаллии халқ дар Ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар деҳаи Пахтадашт бо сокинони маҳал ва фаъолони ҷамоат вохӯри баргузор гардид.

Дар рафти вохӯри ҷиҳати маъракаи дар пешистода интихоботи соли 2020, ки санаи 1-уми март баргузор мегардад, бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Номзадҳо бо сокинон мулоқот намуда, хоҳиши дархост ва пешноҳодҳои сокинонро ба инобат гирифта, барои амалӣ намудани пешниҳодҳои онҳо чораҳои зарури андешиданд. Боварии комил дорем, ки аҳли сокинони ҷамоат барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ ҳамаҷониба омодаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *