ПАЁМ- ДАСТУРИ КОР

Чоршанбе, 19/02/2020-14:42

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ва чорабинии дар пешистодаи сиёсии мамлакат, ки санаи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш бо иштироки сокинони сарбаланду шарафманди ҳамин ҷамоат ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва номзадҳои Маҷлиси намояндагони Маҷдиси Олии ҶТ ва Маҷлисҳои вакилони маҳалли бо сокинон корҳои шиносоӣ гузаронида шуд.

     Дар рафти вохӯрӣ Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, ки аз тарафи ҲХДТ дар Конференсия пешбарӣ шуда буд ва дигар номзадҳое, ки ба тариқӣ худпешбарӣ номзадии худашонро пешниҳод карда будаанд, иштирок доштанд.    

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *