ДАР ҚАТЛИ ЧЕҲРАҲОИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ҲНИ САҲМ ДОШТ

Шанбе, 15/02/2020-18:40

Аз он рӯзҳои мудҳиш солҳои зиёде гузашт, вале он лаҳзаҳое, ки бародар қасди ҷони бародар, падар қасди писар ё ду ҳамсоя душмани ҳамдигар буданд, аз ёдҳо зудуда намегардад.

Бадхоҳони миллати тоҷик аз 12 то 14 –уми моҳи феврали соли 1990-ум нақшаи аввалини тарҳрезишударо амалӣ карданд. Ин оғози он даргириҳо буд, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба вуқуъ пайваста, баъдан он шиддат гирифт. Ёдам намеравад, он солҳои мудҳиш, водии Вахш ба харобазоре табдил ёфта, аз куштаҳо пуштаҳо пур гашта, аз чор тараф садои тир меомад, садои ҷонгудози модарони фарзандгумкарда, домодони ҷома ба бар нокарда, арўсони ноосуда, чеҳраҳои ғамолуда. Хонаҳои валангор, аз чорсў падарони дилфигор, ҷавонмардони хуншор, мурдаҳо андар канор.

Сокинони кишвари соҳибистиқлол ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба якдигар душманӣ меварзиданд. Дар як оила бародар бо бародар, падар бо писар аз гиребони ҳамдигар дошта, дар замири хеш тухми кинаву бадбинӣ киштанд. Чароғи дӯстию бародарӣ, ки дар хонадони ҳар яки мо фурӯзон буд, оҳиста-оҳиста хомӯш мешуд. Оташи ҷанги бародаркуш аланга гирифт. 

Дар ҷанги бародаркуш  беш аз 60 000 кушта, 25 000 зан бешавҳар, 53 000 кўдак бепадар, 36 000 манзили харобгашта ё ба коми оташ рафта, беш аз 1 миллионе нафар дар ба дар шуд, қисми зиёди сокинони водии Вахш, бо умеди наҷоти худ рӯди Омӯро убур карда, дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паноҳ бурданд.  Шаҳру  ноҳияҳо хароб гардида, шамъи умри ҳазорон бародарону хоҳарони бегуноҳамон хомӯш гашт, ба ҷои таронаи шодию нишот, фиғону нолаҳои зори модарон бар фалак печида буд.  Халқи парешон, овораву сарсон, дар талвосаи ҷон рӯ ба ҳиҷрат овард. Модари тоҷик бо дили афгор, бо ашки шашќатор дар дасти тифли маъсум мехост ҷони худу фарзандонаш аз марг раҳонад. Вале ҳангоми убури марз даҳҳо гирдоби аслию Амударёро паси сар мекард. Аз ҳафт фарзанд сеяшро об бурда, дигаре дар сари даст мурда, модари овора, бо дили садпора дар миёни тӯфони ҳаводис монда.  Маллоҳе набуд, ки аз ғарқшавӣ наҷоташ диҳад.  Намедонист,  ки ба кӣ рӯ ораду аз куҷо роҳи наҷот ёбад ва худро аз вартаи ноумедӣ раҳо созад, ба сад хориву зорӣ тарки ёру диёр кард.

Дар вилояти Мазори Шарифи Афғонистон зиёда аз якуним ҳазор нафар ҳамватанони дар ғурбат афтодаи мо фавтиданд. Мулки ғарибӣ хонаи охирати эшон гашт. Дигар қуввату мадори бори ғарибии бар дӯшашон бударо бардошта натавонистанд. Бо ёди Ватан шабу рўз аз Яздони пок зорӣ мекарданд, то бошад, ки дубора ба меҳан баргарданд. Ин ғам онҳоро аз по фиканд. Бо умеде, ки рӯзе бо ҳам меоянд, ба Ватан бармегарданд, вале афсӯс, ки ҳамватани мову шумо орзуву ормонҳои хешро ба худ ба хок ниҳод.

Ҳар рўз аз дасти бадхоҳони миллати тоҷик чандин нафарро қурбони ҷанги бадмаънии бародаркуш мешуд. Бар асари ин ҷанги бемаънии хонумонсӯз чандин чеҳраҳои шинохтаи тоҷикро аз даст додем. Ба монанди Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Муҳиддин Олимпур, Кароматулло Қурбонов ва ғайраҳо, ки бо гирифтани номи онҳо беихтиёр аз дидаҳо ашк ҷорӣ мешавад. Яке аз чунин чеҳраҳои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов мебошад, ки аз дасти душмани зархариди миллати тоҷик, саркардагони ин даргириҳои хунин, аъзоёни ҲНИ берањмона ба қатл расонида шуд.

«Ҳайдар Қосимов дар беш 1200 муҳорибаи хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ширкат варзида, ҳайати шахсии воҳиди низомияш зиёда аз сад маротиб тағйир хӯрдаву ӯ танҳо зинда мондааст. Вай барои шикаст додани нерӯҳои алоҳидаи душман дар Берлин ва дигар хизматҳои шоёнаш соли 1957 бо нишони тиллоии «Қаҳрамони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ» қадр карда шудааст. Аммо соли 1993 ӯ, ки охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон буд, дар 70-солагӣ, пас аз оташ зада шудани манзили зисташ дар ноҳияи Вахшу фирорӣ шудани хонаводааш ба ноҳияи Қумсангир, аз сӯйи размандагони бераҳми ҲНИТ ба қатл расидааст».

Агарчанде Њайдар Қосимов дар чандин муҳорибаҳои шадиди душман (солҳои 1941-1945) иштирок карда, захмӣ шуд, ҷонро ба каф гирифту бар немис таслим нашуд, вале аз дасти нохалафону бадхоҳони миллат ба қатл расид.

«…Ҳайдар Қосимов аз ҷониби аъзои фаъоли ҲНИТ, яке аз бераҳмтарин размандагони ин ниҳод Мустафо  (бо лақаби Мустафои наҳзатӣ), бо дастури хадамотҳои махсуси ҶИЭ, дар хатти сарҳади давлатӣ ба қатл расонида шудааст. Маконе, ки Ҳ.Қосимов кушта шудааст, он замон таҳти нуфузи “наҳзатиён” қарор дошт. Дертар, тахминан солҳои 1994 худи Мустафо ба ҳамсӯҳбат лоф задааст, ки “Ҳайдар Қосими қаҳрамона” мурғворӣ куштам» …

Магар ба қатл расонидани Қаҳрамони Иттифоќи Шӯравӣ ин ќаҳрамонист? Дар оини ҷавонмардӣ магар ин мезебад? Агарчанде, аз он рӯзҳои мудҳиш аввалин аланга моҳи феврали 1990-ум сарзада 30 сол сипарӣ шуда бошад, ҳам ҳамчун як фарди ватандўст, наметавонам он лаҳзаҳоро аз ёд барорам.

Мардуми райиятпарвари тоҷик низ баҳри ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ кӯшиш карда, дар рӯзҳои вазнин ҳамеша ҳамрайъи Роҳбари давлат буда, дар баргардонидани фирориён сањм мегузоштанд. Сокинони кишвари соҳибистиқлол Ватан-модари худро дўст медоштанд. Тоҷикони меҳандӯст, ватанпараст, ба модар, Ватан, миллат, сарзамини аҷдодӣ муҳаббату садоқати худро нишон дода  тавонистанд, то миллатро аз вартаи нестшавӣ нигаҳ доранд. Ваҳдат барои халқи тоҷик беҳтарин неъмат дар зиндагӣ ба шумор мерафт. Вањдат, эътиқод ба ягонагии Худо, дӯстию бародарӣ ѓолиб омад. Тоҷикистониён ба ҳам омада, муттаҳид гаштанд, ҳамфикр шуданд ва сарзамини худро обод карданд.

Дӯстӣ-муносибати байни одамон, ки ба некхоҳӣ, наздикӣ, рафоқати самимӣ  пирӯз шуда, халқи парешонро ба ваҳдат овард. Чунин ҳамбастагӣ буд, ки тоҷикон ба ҳам дӯсту бародар гаштанд. Дар дили ҳар як тоҷикистонӣ аз ҷанги баробаркуш  доғе монда буд. Яке писар гум кардаву дигаре падар, сеюмӣ хоҳару чорумӣ бародар.

Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон фирориёнро ба Ватан овард, сулҳро барқарор кард ва ваҳдати миллиро таҳким бахшид. Ба сӯзу гудози қалбҳои зори фирориён бо меҳрубонӣ љавоб гардонда, онҳоро ки дар ғурбат ба сар бурда, аз дидори рўи наздикон маҳрум буданд, ба Ватан баргардонид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба беписарон писар, ба бебародарон бародар гашта, ҳамеша нисбат ба халќи азият кашидаи тољик ѓамхорӣ зоҳир менамуд.

С. Гулшан

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *