Ҷумъа, 14.02.2020-17:17
Дар МТМУ№20-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо номзади худпешбар Расулова Тоҷинисо Атоевна аз ҳавзаи якмандатаи Вахш №32, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон мулоқот доир намуд. Дар мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва зиёда аз 200-нафар интихобкунандагон аз Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод иштирок карданд.
Ҳамзамон дар МТМУ№6-и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо иштироки номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Вахш №32 бо интихобкунандагон барномаи пешазинтихоботиашонро муаррифӣ карданд.