ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Чоршанбе, 12/02/2020-19:21

Қурбон Ҳакимзода,  раиси вилояти Хатлон, рӯзи 8 феврали соли 2020, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш барои сокинони маҳаллӣ рӯзи қабул дошт. 
Дар ин қабули сайёр, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, сокинон, соҳибкорон, омӯзгорону табибони ноҳияи Вахш ба суҳбати раиси вилоят омада, оид ба мушкилоти иҷтимоии худ, аз ҷумла ихтисоси қитъаи замин барои сохтмони манзил, вазъи роҳҳо, соҳибкорӣ, мусоидат ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва мисли ин муроҷиат намуданд.
Раиси вилоят ба масъулини идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дастур дод, ки барои ҳалли мусбати мушкилоти зикрёфта аз ҷониби сокинон мусоидат намоянд.

Дар идома Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон мардумро даъват намуд, ки ба хотири татбиқи дастуру супоришҳои дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ зикршуда якҷо бо мақомоти давлатӣ камари ҳиммат банданд.
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода ба аёдати собиқадорони ноҳия рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуданд.

Сипас, аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ва аз сохтмону иншоотҳои сохташаванда, ки ба муносибати ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта истодааст, дидан намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *