Чоршанбе, 12/02/2020-11:00
Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро хатарҳое фаро гирифтанд, ки боиси аз байн бурдани халқу миллатҳо мегарданд. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бо таъсис додани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо мехоҳанд аз буҳрони иқтисодӣ раҳоӣ ёбанд.
Бо мақсади байни худ тақсим намудани неъматҳои моддӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои сиёсии худ дар ҳудудҳои давлатҳои алоҳида низоъро ба миён меоранд. Авҷ гирифтани ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Чунин хатарҳои ҳалокатварро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола дар Паёмҳои солонаи ба Маҷлиси Олӣ оқибатҳои номусоиди ин амалҳои ғайриинсониро баён карда, ҳанӯз соли 2013-ум чунин қайд карда буданд:
Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳон муассифона имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқҳои ҷиноятие, ки бо ҳам бидъат карда мехостанд оянда дар Тоҷикистон амалҳои номатлуб анҷом диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш бо изҳори таассуф қайд карданд:
«Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд карданд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакорию тафриқаандозӣ равона гардидаанд, ки ин ба моҳияти ислом мухолиф нест ва ба он иснод меорад».
Оид ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, чунин қайд карданд:
«Амалҳои даҳшатноки террористии солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душман бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рўй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ, ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».
Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи тарғибу ташвиқи тундгароии динӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Худованд дар Каломи Шариф дар сураи «Нисо», ояти 93 мефармояд:
«Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода кардааст».
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Гузашта аз ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад ба дини мубини ислом иртиботи надорад. Баръакс аз ҷониби бадхоҳони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.
Амалҳои даҳшатангезе, ки аз ҷониби дастандаркорони зархариди давлати исломӣ ба амал меояд, моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи Ватан, марзу бум, амнияти кишвар, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осоиштагии кишвараи маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Мо аҳли ҷомеа, ба хусус ходимони динро зарур аст, ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро, тундраву террористӣ нашуда, ҷавонони худогоҳу хештаншиносро тарбия намуда, ба воя расонем. Дини ислом василае байни Худо ва бандагонаш аст. На ягон равияе баҳри нооромии ҷомеа.
Тоҳир Раҷабов,
иҷрокунандаи вазифаи
сархатиби ноҳияи Вахш