ВОХУРИҲОИ СУДМАНД

Ҷумъа,07/02/2020-16:12

Дар деҳаи «Марказӣ», «Меҳнат» ва «Баракат»-и Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиќлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш бо иштироки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинон сӯҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он тарғибу ташвиқ гашта, иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ва мусоидат ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода, дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ таъкид карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *