БИГЗОР ХОИН ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРАД

Панҷшанбе, 06/02/2020-13:54

Тавассути расонаҳои хабарӣ аз боздошт гардидани журналист Далер Шарипов огоҳӣ дорам. Боздошти ӯ «аз таги нохун чирк кофтан»-ро мемонад, барои бадхоҳони миллати тоҷик. Сари қадам мо бо душманони миллату давлати хеш вохӯрдан мумкин. Айни замон дар арафаи интихоботи вакилон қарор дорем, баҳонаи хубе ёфт шудаст, ба зархаридони хориҷии кишвар. Онҳо тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ озодии Далер Шариповро талаб доранд.

Агар Далер Шарипов гуноҳ намедошт, ҳеҷ гоҳ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт намешуд. Чунки мавсуф тавассути паҳн намудани варақаҳои иттилоотие, ки ба тарғибу ташвиқи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиро дорост, машғул буд, вагарна чаро боздошт шуд? 

Ба чунин амалҳои ношоиста даст задании фарзанди тоҷик боиси ташвишу изтироби мо мегардад, зеро эҳсос менамоем, ки ҳанӯз ҳам душманоне дар рикоб дорем ва морро дар остин мепарварем, ки сулҳу оромии Ватани азизи моро халалдор сохтан мехоҳанд.

Душманони бадхоҳи миллати тоҷик дар даст ҳар гуна шиору овезаҳо озод шудани Далер Шариповро аз созмонҳои байналмилалӣ талаб доранд, боиси нигаронист.

Бо чунин амалҳои ноҷавонмардона, яъне ҷамъ овардани чанд ҷавони бетаҷрибаву гумроҳ ва ба роҳи бад равона сохтани онҳо, мехоҳанд Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ноамн ва мардуми онро ҳамчун ваҳшитарин афрод ба қалам диҳанд.

Афроду гурӯҳҳои бадхоҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дарун ба дарун сӯхтанду дар пайи тарҳрезӣ ва амалӣ намудани нақшаи шуми навбатияшон шуданд. Боздошти Далер Шарипов баҳонае аст, барои душманони мо, чанд нафар ҷавонони гумроҳи ақлгумкарда бо шиору овезаҳои бемаънӣ аз ҷониби гурӯҳҳои бадхоҳи Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар пинҳону мустақаранд, дастандаркор ТТЭ ҲНИ ва ҳамдастону ҳаммаслакони аъзои ин ҳизбанд. Акнун боз ҳам равшан шуд, ки дигар аъзои ин ҳизби нохалафон қувваи дурусту созандаеву ақлу хираду фаҳмиши накуе надоранд. Сари ҳар қадам «талош» меварзанд, ки аз ҳар имконияту шароити фароҳамбуда «истифода» намоянду номи Тоҷикистону миллати тоҷикро бад карданӣ шаванд. Чун имкони ба даст овардани мансабҳои роҳбарикунандаро дар кишвар аз даст доданд, акнун чун каждуми «аламдида» мехоҳад гаштаву баргашта қасд бигиранд ва неш бизананду заҳр пошанд. Чунки дигар дақиқан медонанд, ки барои расидан ба пасттарин вазифаву мансабе дар Тоҷикистон барои хоинон роҳ нест.

Хеле дардовар аст, ки номи ин миллатро доғдор месозанд. Ин афроди ҷиноятпеша ва роҳбарону хоҷагони ҷоҳталаби ақлгумкардаашон чӣ гуна метавонанд орому озод нафас бикашанд. Аслан ҷойи аҷобат нест, ки боз ҳам орому озод нафас бикашанду азоби виҷдон надошта бошанд ба хотири ин аъмоли наҳсу шуми худ ва зердастонашон. Зеро дар ниҳоди шахсе, ки худи виҷдон набошад, чӣ гуна ин шахс метавонад азоби виҷдон дошта бошад? Дар ин бора ва дигар аъмоли бехирадонаву разилонаи ноҷавонмардонаи аъзову пайравони ҳизби наҳзат метавон саҳфаҳои зиёдеро пур сохту ҳарфҳои бешуморе гуфт. Вале чун ин нохалафони мардумозору ватанбезор дигар наметавонанд маъниеро аз ҳарфе дарк намоянд ва наметавонанд фаҳмишу эҳсоси дурусти инсоние дошта бошанд, чандон сазовор нест, ки барои садбораву ҳазорбора шинос кардани чеҳраи торики ин нокасон қувваи ҷисму зеҳнро бар ҳадар сарф намуд.

Танҳо ҳаминро бояд илова намуд, ки ба шумо аъзову пайравони ноодами ҳизби наҳзати ҷинояткор нишон диҳем, ки ҳеҷ вақт ҳеҷ амалкарду сухани шуморо фарзандони содиқи ин меҳан беҷавоб намегузоранд ва ҳамеша то замоне, ки дар вуҷудатон ҳамон оташи кинаву ҳасодат ва душманӣ нисбат ба Миллату Ватан аланга мезанад, дар назди мурофиаи Миллату Ватан маҳкуми маҳрум аз озодӣ ҳастед.

Бигзор Далер Шарипов дар назди қонун бо амалкардҳои хеш ҷавоб гӯяд.

Хоин –хоин аст, агарчи фарзанди падар бошад…

Гулшани Сипеҳр

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *