ШУКР АЗ НОМИ МОДАР МЕКУНЕМ

Чоршанбе, 05/02/2020-11:32

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироа намудаашон 26 декабри 2019 ба Маҷлиси Олии кишвар бо таҳлилҳои амиқу шаффоф соли 2019-ро ҳамчун соли бобарори даврони истиќлолият номида, бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба мардуми шарифи кишвар ва пешниҳод кардани якчанд силсила барномаҳои рушд дар тамоми самтҳои зиндагӣ бори дигар ба халқи тоҷик муроҷиат намуданд, то дар оянда хубтару бештар фаъол бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳаи маориф  ҳамчун соҳаи калидии пешрафту тараққиёти ҷомеа медонад, дар Паёмашон боз ҳам барои рӯ овардан ба илму дониш ва тавсеаи тафаккури насли наврас солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуда, ҳамзамон олимпиадаҳои фаннӣ ва озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро ба роҳ монанд.

Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ѓафуров, ки аз таърихи пурифтихори халқи тоҷик дарак медиҳад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар Паёми ироа намудаашон барои омӯзиши гузаштаи худ огоҳӣ пайдо кунанд, то дар оянда ин миллат ва давлатро соҳиби карда тавонанд. Ба Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-ро ба нашр расонида, то љашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раҳбари давлат ба ҳар як оила кишвар туҳфа намоянд.

Паёми Сарвари давлат ҳамаи соҳоти хоҷагии халқи кишварро дар бар гирифта, мо-ходимони динро зарур аст, ки сармашқи кори худ қарор диҳем, то бо як масъулияти баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ кор ва фаъолият намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даҳшату амалҳои террористӣ, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст таъкид намуданд, то ҷавононро илму дониш, касбу ҳунаре омӯзонем. Бо рӯ овардан ба амалҳои ѓайриинсонӣ, куштору ваҳшоният, даст заданд ба корҳои ношоиста ба ҳеҷ дину оин рост намеояд.

Њақ ба ҷониби Роҳбари давлат аст, ки мегӯянд: «Терририст Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад». Куштани модар аз дасти фарзанде, ки даъвои «Давлати исломӣ»-ро далели гуфтаҳои болост.

Мутассифона баъзе аз ҷавонони бесаводу камтаҷриба, ноогоҳ ба доми ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шуда, роҳе, ки онҳоро ба сӯи дӯзах мебарад, раҳсипор шуданд.

«Ва ҳар, ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовидон бошад ва Худо ба ӯ хашм гирифтааст, ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барояш омода сохтааст».

Сураи Нисо, ояти 93

Дар охири Паёмашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи мардуми кишвар даъват намуданд, то зиракии сиёсӣ ва сарҷамъу мутаҳҳид будан, ин Ватанро дӯст доштани обод гардонем. Зеро дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист.

Мо-тоҷикон бояд Тоҷикистони азизро дӯст дорем, ҳар зарра хокашро чун тутиё ба дидаҳо молему онро бештар аз ҷони хеш дӯст дошта, ҳифзаш созем.

Эй Ватан мо посбони обу хокат гаштаем,

Модарӣ морову шукр аз номи Модар мекунем.

Тӯйчӣ Роибов,

имомхатиби ҷомеаи бо номи

«Домулло Нуриддин»-и Ҷ/д «Тоҷикобод»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *