САДА

Шанбе, 25/01/2020-17:55

Баъди  соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои кишварамон  пешравиҳои назаррас ба амал омаданд ва имрӯз ҳамчунин  пешравиҳо бо як суръати баланд идома  ёфта истодаанд.

Аз  нав эҳё гардидани суннату анъанаҳои қадимаи фарҳанги миллиамон боиси он гардид, ки миллати тоҷикро дубора кишварҳои ҷаҳон шиносанд ва ин раванд як дастоварди бузургест барои халқи куҳанбунёди тоҷик.

Дар гузаштаҳои дур миллати бофарҳанги тоҷик якчанд идҳои бузургеро бо тантана ҷашн мегирифтанд, ки марбут ба чор фасли табиат буданд ва бо мурури замон  дар натиҷаи задухурдҳои сиёсию мазҳабӣ ва фарҳангии байни    кишварҳо аз он ҷумла мардуми Осиёи Миёна таҷлили  бархе аз анъанаҳо  урфу одат ва якчанд идҳо аз миёни мардуми тоҷик оҳиста-оҳиста нобуд гардиданд.

Вале хушбахтона бо ташаббус ва ибтикори сиёсати  хирадмандонаи  Президенти кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили анъана ва суннатҳои миллиамон дубора   ба майдони фарҳанги миллат омада, вусъати тоза ба тоза ёфта, дар байни мардум ҷорӣ гардиданд. 

Табиати иқлими Тоҷикистон, дар чор фасл қабои сеҳрангези худро иваз мекунад, ҳар яке бо худ  ҷашнҳои назаррабо ва эҳёгари урфу  одатҳои    мардумиро дорост. 

Ба мисли Сада, Наврӯз ва Меҳргон.

Дар замони истилои араб чунин ҳукм бароварда шуда буд, ки дар мардум,  умуман мардуми Осиёи Миёна ин идҳо ҷашн гирифта нашаванд ва  гӯйё, ки ин як навъ хуруфотпарастист ва мардумро аз роҳи дин ба роҳи дигар мебаранд. Аммо халқи тамаддунофари тоҷик муқобили чунин ақидаҳои  беасос буда, урфу одат ва суннатҳои қадимаи ба фарҳанги миллатамон хос бударо нигоҳ дошта, аз насл ба насл идома ёфта, то ба  замони     мо  омада  расиданд.

Таҷлили ҷашни Сада, Наврӯз ва Меҳргон дар замони истилои араб қариб, ки  ба нестӣ  расида буданд, аммо дар он давра низ соҳибони асили халқи  тоҷик тамоми муқаддасоти фарҳанги волоямонро маҳфуз нигоҳ дошта, шоирон,   нависандагон ва мутафаккирони бузургамон доир ба фарҳанги қадимаи миллиамон дар асарҳояшон онҳоро асоснок карда, бо далелҳо нишон дода,   то ба замони мо омада расиданд.

Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки сиёсати он замон дигаргун буд, оид ба ҷашни Сада ному нишон набуд, аммо ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мардум бо  дигар номҳо мешинохтанд ва дар як сатҳи хеле миёна ин идҳоро таҷлил мекарданд.

Масалан  иди «Меҳргон»-ро бо номи иди «Ҳосилот», «Наврӯз»-ро бошад, бо  номи «Айёми эҳёи табиат» ҷашн мегирифтанд.

Хушбахтона, дар тӯли 26-соли Истиқлолияти кишварамон  ҷашнҳои миллиамон бо як вусъати тоза эҳё гардиданд ва дар сатҳи Байналмилалӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин мисол шуда метавонад, ҷашни Наврӯз, ки  соли 2010 ҳамчун  Наврӯзи  ҷаҳонӣ унвон гирифт ва дар дафтари Созмони  бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО қайд шудааст.

Мардуми кишварҳои ҷаҳон моҳияти ҷашни Наврӯзро дуруст дарк намуда, ба фарҳанги қадимаи миллати тоҷик баҳои баланд додаанд.

Шояд солҳои оянда низ дигар идҳои ба фарҳанги миллатамон хос буда, аз қабили ҷашни Сада ва Меҳргон чун ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро пайдо кунанд. Ҳол он ки ин ҷашнҳо ба ягон дину мазҳаб ва ба ягон раванди  сиёсии кишварҳо марбут набуда, балки ифодагари орзуву ният ва марому  мақсадҳои неки мардуми  тоҷик мебошанд.

Имрӯзҳо, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон таҷлили ҷашни Сада рафта истодааст, мардум бо як умеду орзуи нек то омадани иди Наврӯз ҷашни Садаро бо як шукуҳу шаҳомати хоса қайд карда истодаанд. Ҷашни  Сада ин ҷашни муборизаи неруи рушноӣ бар зуломот, Аҳуроӣ ба Аҳриманӣ ва гармӣ  бар сардӣ аст.

Оид ба таҷлили ҷашни Сада аз давраҳои қадим то ба ин рӯз байни мардум  андешаҳои гуногун  мавҷуд аст, ки ҳар  яке Садаро аз рӯи дарки фарҳангии худ шарҳ медиҳанд.

Дар китоби «Шоҳнома»-и  Абулқосими Фирдавсӣ ва асари машҳури А. Берунӣ   «Осор  – ул  – бақия» доир ба ҷашни Сада маълумоти бештар аст. Масалан, дар «Шоҳнома»- и А. Фирдавсӣ пайдоиши ҷашни Сада аз давраи подшоҳи Ҳушанг оғоз гардидааст.

Як рӯз Ҳушанг бо чанде аз ёрони худ пайи шикор ба куҳсор рафт. Дар шикоргоҳ  ногаҳон аз дур як чизи дарозу сиёҳи хазанда падидор гашт, ки ду чашми сурхаш гӯё ду чашмаи хун буду аз даҳонаш дуд фаввора мезад. Он чиз мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба тарафи мор ҳаво дод, мор фавран ба як сӯй ҷаҳида ҷонашро халос кард, санги калон ба санги хурде бархӯрд ва ҳар ду шикастанд, аз сангҳо шарораҳо ба атроф ҷаст ва шуоъ падид омад.

Мор кушта нашуд, лекин сирри оташ кушода шуд. Ҳушанг ва ёронаш дар ҳайрат  монданд. Ӯ гуфт: «Ин шуоъ фурӯғи худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд  таббаррук дошта ва парастид».

Ин маросим, ки ҳар сол дар рӯзи муайян такрор мешуд, ба ҷашн табдил ёфт ва ҷашни Сада номида шуд. Дар қадим халкҳои эронинажод ҷашни Садаро   киромӣ дошта, гулханҳо  меафрӯхтанд, ки аз ҳамон шаби оташафрӯзии Ҳушанг ба ёдгор монда буд.

(Иктибос аз достонҳои «Шоҳнома»-и Сотим Улугзода).

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» Сада чунин тафсир ёфтааст:

Сада  – гурӯҳи садкаса; дастаи садкаса.

Сада -яке аз ҷашнҳои Эрониёни қадим, ки рӯзи даҳуми баҳманмоҳ   (солшумории ҳиҷрии камари баробар аст ба 29-30-юми моҳи январ  аз  рӯйи  (солшумории  мелодии) барпо  мешудааст  ва  дар  ин  рӯз  оташи  бисёр  меафрӯхтаанд.   

Чунончи:

 Яке ҷашн  кард  он  шабу  бада  х (в) ард,

Сада  номи он ҷашни  фархунда кард,

                                                  (Абулқосими Фирдавсӣ)

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр

                                                   (А. Фирдавсӣ)

Ҷашни Сада ин омодагии  мардум ба пешвози ҷашни Наврӯз аст. 50-шабу рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз мардум ба киштукори баҳорӣ тайёрӣ медиданд, чоҳу    заҳбурҳоро аз ифлосиҳо тоза карда, барои кори деҳқони шарту шароити мусоид фароҳам меоваранд. Чун дар ин муддат нурҳои фараҳбахши  Офтоб  ба замин ва ба тамоми мавҷудоти рӯйи олам гармӣ бахшидан мегирифт, мардум ҳис мекард, ки мавсими сармо маҳлуб шуда истодааст ва қувваҳои гармию рушноӣ вусъат ёфта, мардумро аз карахти ба сабзиш ҳидоят  мекунад. Ҳатто дар ин айём тамоми мавҷудоти рӯйи олам рӯ ба эҳёшави мениҳанд.

Ҳамин тавр мардум ҷашни Садаро муқаддас шуморида фарорасияшро бесаброна интизорӣ мекашиданд.

Аминем, ки бо таҷлили ҷашни Сада боз ҳам анъана ва суннатҳои он мавриди таҳқиқу тадқиқоти олимону фарҳангшиносон рӯйи кор омада, шукуҳу шаҳомати  Сада ҷаҳонӣ мегардад.

С. Муродова,

омӯзгори  МТМУ №56

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *