Ҷумъа, 24/01/2020-16:50
Барои ҳар як фарди банангу номус ҳар як зарраи хоки Ватан барояш азиз аст, бараъло мушоҳида мекунад, ба тақдири таърихи миллат, сахттарину шадидтарин тозиёнаи гардиши айёмро дар ҷони худ таҳаммул кардааст, назар афканем.
Маҳрумият аз давлатдории ҳазорсола, маҳрумият аз макони илму фарҳанг-Самарқанду Бухоро боз ҳам фарзандони баору номусро дар ҳифзи якпорчагии ин хоки куҳан ҷонсупор намудааст. Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемуру Восеъ ва дигарон заҳматҳои зиёд кашидаву заминаи мусоид фароҳам оварданд, дар ташкили дигарбораи давлати тоҷикон. Ҷоннисорию фидокории онҳо номашонро дар сафҳаи таърих зинда медорад.
Мо-тоҷикон набояд фаромӯш созем, на ҳар фард ва на ҳар сарвари давлате, ки ба сари қудрат меояд, ишқи ватанхоҳиву ватансозӣ ба сар дорад. Ёд меорам солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ бахусус води Вахш дар ҳама хонавода садои оҳи падарон, нолаи зори модарон, фиғони хоҳарон, навҳаи наварӯсон, гиряи тифлон ба гӯш мерасид. Фиғони модари фарзандгумкарда аз ёдҳо зудуда намегардад. Хонаҳои сухтаву валангорон, халқу овораю парешон, бар ҳар куҷо саргардон. Дар лаҳзаҳои мудҳишу мураккабтарину хатарзои таърихӣ абармарди дунёи шуҷоат Эмомалӣ Раҳмон тавонист зимоми давлатдориро бо иродаву панҷаҳои оҳанини хеш бо сиёсати хирадмандонаву дурандешона, бо неруи созанда нигаҳдор бошад.
Тухми низову нафрат аз қалбҳои мардум дур афканда, тухми умеду орзу ва ояндаи неки дурахшонро бикорад. Аз баракату фазилати ин мард миллати тоҷик аз вартаи нестӣ ба вартаи ҳастӣ расид.
Имрӯз, ки гурӯҳе миёни мардум боз ҳам носозгориҳоро меафкананд, низоъҳои байни ду давлат Тоҷикистону Қирғизистонро ангехта, ин амали носазои душманони миллатро бахшида наметавонем. Ба гузашта назар афканем, зеро ҷанги ҳамватаниро дар худ таҳаммул кардани миллат фоҷиаи камаршиканӣ гардида буд. Дар ин муноқишаҳои беҳтарину хубтаринҳо ҷони хешро аз даст доданд.
Имрӯз аз минбарҳои гуногуни давлатҳои алоҳида боз ҳам онҳое садо баланд мекунанд, ки гул-гулшукуфоӣ, пешрафту ободии ин миллати азияткашидаро безобита мекунанд. Онҳо аз об, бод, хоку ҳавои мусаффову беолоиш ва ҷаннатулмаъвои ин ватан маҳрум ҳастанд, дастнигару мутеъи хоҷаҳои зархариди хеш гаштаву яқин, ки ин маҳрумиятҳо онҳоро ба кӯи гумроҳӣ бурдааст. Дар урфият гуфтаанд:
Хоки ватан аз тахти Сулаймон беҳтар…
Он носипосон дур аз ватан гашта, ба ҳар баҳона ба сӯйи миллатамон санг меафкананд, ки ин амалашон нобахшиданист.
Мо-тоҷиконро зарур аст, ки бештар андеша созем. Он дастовардҳое, ки тӯли 29 сол ба даст овардем, дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба он ноил нагардида будем. Истиқлолият кишвари моро бо Сарвари оқилу доно, сиёсатмадори варзида ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Сиёсати оқилонаи Пешвои миллат буд, ки мамлакаташро ҳифз намуд, ба сарзамини аҷдодӣ сулҳу осоиш овард.
Мо бояд гузаштаи талхи таърихро аз ёд набарорем. Бо неруи созанда ва қабл аз ҳама нангу номус, ишқи ватандӯстиву меҳанпарастӣ дошта бошем. Ба дасисаву фитнаҳои душманони дохиливу хориҷӣ аҳамият надиҳем. Якпорчагии Ватану давлатро ҳифзу нигаҳдорӣ кунем.
Имрӯз вақти он аст, ки мо-тоҷикон ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, омодаи ҳифзи сарҳаду давлати хеш бошем. То нокасу нохалафе байни ду давлату ҳамсоя баҳсу мунозира наафканад. Дар ҷаҳони пуртаззод хатарҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба назар мерасад ва пеши роҳи онро мо бояд гирем. Муҳити мураккаби хатарзо сари ҳар қадам моро водор месозад, ки дар андешаи фардо бошем.
Душманони миллатро аз дур истода чун «каждуми зери бурё» бо кину нафрату хусумат неш мезананд.
Дар раванди ҷаҳони муосир барои ҳар давлату миллат ашхоси ватандӯст даст рӯйи қалб гузошта, ба ҳифзи сарҳаду давлати худ омода бошад.
Мо-тоҷикон омодаем, қалб рӯи даст гирем ва осоиши Ватан-Тоҷикистони азиз, ҳифзи сарҳадро вазифаи муқаддас дониста, ҷонамонро фидо созем.
Гулшани Сипеҳр