Душанбе, 20/01/2020-10:18
Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои ориётаборон маҳсуб ёфта, ҳазорсолаҳо тамаддуни миллати моро инъикос намуда буд. Бо дигаргун гардидани вазъи таърихӣ-сиёсӣ дар асрҳои миёна ба ғайр ҷашни Наврӯз дигар тамоми ҷашнҳои миллии ниёгони мо тоҷикон аз байн рафтанд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оини миллии ниёгон эҳё гардида, ҳатто мақоми байналмилалиро ба худ гирифтааст.
Чи тавре, ки мо шохиди он гардида истодаем, дар бораи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, дигар ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргону Сада эҳё шуда, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҷлил гардида истодаанд.
Ҷиҳати эҳё ва зинда гардонидани оини ниёгон 18-уми январ дар майдони марказии ноҳия таҷлили ҷашни Сада доир гардид. Дар таҷлили ҷашни Сада мардуми ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маориф, фарҳанг, соҳаи кишоварзӣ ва дигар муассисаҳо иштирок доштанд. Дар тантанаи ҷашни Сада ҳамчунин ҳунармандону кишоварзон ва маорифчиёни ноҳия маҳсули меҳнати дастиашон, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта буданд, ки барои бинандагон ҷолиби диққат буд.
Дар тантанаи ҷашни Сада муовини аввали раиси ноҳияи Вахш С. Абдуллозода ба сухан баромада, тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намуд. Зимни баромадашон С. Абдулозода қайд карданд, ки Сада аз ҷумлаи оини ниёгони мо тоҷикон маҳсуб ёфта, 50 шабу рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз баргузор мегардад. Ҷашни Садаро аз ҷумла оини меҳрпарастӣ, бунёди онро ҳамчун ифодакунандаи рушноӣ ва гармӣ ва аз ҳама муҳим ифодакунандаи оини куҳани миллат ба қалам доданд.
Бинобар иттилои манбаҳои таърихӣ аз ҷумла Шоҳнома, Сада ҷашни бузургдошти оташ мебошад, ки баромадаш ба шоҳ Ҳушанг рафта мерасад. Тазаккур бояд дод, ки Садаро мардуми тоҷик аз кадимулайём бо шукуҳу тантана ҷашн гирифта, ба муносибати ин рӯз гулхан афрӯхта дар атрофи он мерақсиданд. Новобаста аз ин агар мо ба шароити кори кишоварзӣ диққат диҳем мебинем, ки то ҷашни Наврӯз кишоварзон маъракаи кишти ғалла, шинонидани дарахтон ва дигар корҳои марбут ба соҳаи кишоварзиро анҷом медиҳанд, ки ин аз анъанаҳои деринаи мо тоҷикон дарак медиҳанд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки «Аз Сада бедор мегардад баҳор», ё ки «Сада нишонаи ободкорӣ, меҳру муҳаббат ва рафоқат аст».
Имрӯз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҷашнњои миллӣ аз ҷумла ҷашни Сада ба шароити имрӯзаи соҳибистиқлолии кишвар мутобиқгардонида, ҷашн гирифта шавад.
Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ табъи ҳозиронро шод намуданд.