РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ ҶАШНИ САДА

Душанбе, 20/01/2020-10:16

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

 Сада номи он ҷашни фархунда кард.

 Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

 Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр..

Ҷашни Сада ҷашнест, ки форсиён дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ кунанд. Ва дар ин рӯз оташи бисёр афрӯзанд. Ин ҷашнро Ҳушанг ибни Сиёмак ба ҳам расонид. Ва баъзе гӯянд Ҳушанг писари чаҳоруми Одам алайҳиссалом, яъне ба чаҳор пушт ба Одам алайҳиссалом мерасад. Ба воситаи он ки рӯзе бо сад кас ба тарафи кӯҳе рафт. Ногоҳ море бузурги қавиҷусса ба назараш даромад. Ва чун мор ҳаргиз надида буд, мутааҷҷиб шуду гуфт: ҷамеи ҷонварон мутобаати мо мекунанд. Ҳамоно, ки ин ҷонвар душмани мост, ки сар аз итоат печида. Санге бардошт ва ҷониби мор андохт. Он санг хато шуда, бар санги дигар хӯрд ва оташ аз он санг биҷаст ва бар хасу хошок уфтода морро бисӯхт. Чун дар он замон ҳанӯз оташ зоҳир нашуда буд, Ҳушанг бо ҳамроҳонаш аз пайдо шудани оташ хурраму шодон гардид ва гуфт: «Ин нури Худост, ки душмани моро кушт». Ва ба саҷда рафт ва шукри Эзид ба ҷой овард ва қиблаи худ сохт. Ва дар он рӯз ҷашни азим кард.

Ба Наврӯзу Ҷамшеду ҷашни Сада,

Ки нав гашта оина оташкада…

Аз «Бурҳони қотеъ»- Муҳаммадҳусайни Бурҳон

Сада яке аз ҷашнҳои эрониҳои қадим, рӯзи даҳуми баҳманмоҳ (29-30) январ барпо мешудааст. Дар ин рӯз шодию сурур ва оташи бисёр меафрӯхтаанд.

Аз Фарҳанги забони тоҷикӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *