КОНФРЕНСИЯИ ҲХДТ

Панҷшанбе, 16/01/2020-17:33

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56- ноҳияи Вахш Конференсияи 14-уми Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов, муовини раиси ноҳияи Вахш Фариштамоҳ Зоҳидзода,  Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш Шариф Табарзода, раиси Комиссияи интихоботии вакилони Мачлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш Бобохон Шарбатов, вакилони Конференсия, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Ба рӯзномаи кории  Конференсия масъалаҳои зерин  ворид карда шуд:

1.Пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халки вилояти Хатлон.

2.Пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи кории  Конференсия аз ҳавзаи интихоботии №20 номзадии и.в раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ Қувватович, ҳавзаи №19 Тоҷиддинзода Гулизор,  ҳавзаи №21 Маҳмадов Одилҷон,  ҳавзаи №22  Ризоев Нуралиро ба вакилиии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ намуда, пешниҳоди мазкурро  вакилон якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

     Ҳамчунин дар  40 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш номзадҳои арзанда  пешбарӣ гардиданд, ки аз он 16 нафар ё худ 40 фоизашро  занон ташкил медиҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *