ВОХӮРИИ СУДМАНД

Ҷумъа, 17/01/2020-17:32

Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҳизб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар деҳаи «Пролетар»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Роҳбари Кумитаи Иҷроия дар баромади худ атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатӣ, аз ҷумла рӯ овардан ба мутолиаи асарҳои бадеӣ, иқдоми навбатии Пешвои миллат ҷиҳати тӯҳфа кардани асари арзишманди академик Бобоҷон Ғаффуров китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонадони кишвар, қабули ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, мубориза ба терроризму ифротгароӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бар зидди коррупсия, интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тарғибу ташвиқ шуда, аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ даъват шуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *