Ҷумъа, 03/01/2020-16:13
Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш шанбегии умуминоҳияивӣ баргузор гардид.
Дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ саҳми кормандони маориф, фарҳанг, китобхона, хонаи пиронсолон, беморхонаи марказӣ, Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, СЭС, литсейи касбӣ-техникӣ, раёсати молия, Фонди нафақа, муассисаҳои таълимӣ, аҳли ҷомеа бештар буда, тамоми ташкилоту корхонаҳое, ки дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Вахш фаъолият доранд ба ҳашари умумӣ баромада, бехҳои дарахтонро аз алафҳои бегона тоза ва нарм карданд.
Ҳамчунин ниҳолҳои ороишию сояафкан, мевадиҳанда ва ду канори роҳи мошингардро тоза карда, гулҳои садбарг шинониданд. Корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия идома дорад.