Панҷшанбе, 02/01/2020-16:12
Дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии ноҳияи Вахш масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Меҳнатобод» омӯзгорон ва волидайни МТМУ №13 вохӯрӣ доир карданд. Роҳбарияти Кумитаи иҷроия ба шароити дарсии хонандагон шинос гашта, барои беҳбудӣ бахшидан ба вазъи муассисаи таълимӣ маслиҳатҳои муфид доданд.