ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ…

Душанбе, 30/12/2019- 15:35

Некию некӯкорӣ, худшиносию худогоҳӣ, дӯстию рафоқат мафҳумҳое мебошанд, мисли гӯшту нохун бо ҳам пайванданд ва дар қалби инсони ботамкину бофарҳанг ҳисси инсондӯстӣ, одаму одамгариро эҳё намуда, маънавиёти моро тақвият медиҳанд.

Некӣ кардан яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонист. Дар ин дунёи фонӣ ба ҷуз кори некӯ, номи накӯ дигар ҳеҷ чиз аз одамизод боқӣ намемонад.

Бахшида ба соли нави мелодӣ ба зиёда аз 70 нафар маъюбони нуқсони модарзодӣ дошта, (кару гунг) ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия ба таълим фаро гирифта шуданд, дар арафаи соли нави мелодии 2020-ум хони идона оростанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов  ба муассисаи мазкур ташриф оварда, аз рафти таълиму тарбияи онҳо дидан карда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *