ҶАВОНОНИ ХУДОГОҲУ ВАТАНДӮСТРО ТАРБИЯ НАМОЕМ

Шанбе, 28/12/2019-11:35

Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.

Эмомалӣ Раҳмон,

26 декабри соли 2019, шаҳри Душанбе

Пешвои миллат ҳамеша нисбати насли ҷавон ғамхорӣ зоҳир намуда, дар андешаи таъмини зиндагии шоиставу ояндаи неки онҳо мебошад. Мутаассифона, дар ин радиф ҳастанд волидоне, ки андешаи ояндаи фарзандонашонро намекунанд. Имрӯзҳо иддае аз падару модарон аз субҳ то шом дар бозор ба савдогарию мардикорӣ ва дигар корҳо машғуланд. Намедонанд, ки фарзандонашон дар мактаб чанд соат таҳсил мекунанд. Ҳатто баъзан волидайне ёфт мешаванд, ки намедонанд фарзандашон дар синфи чандум мехонанду роҳбари синфаш кист. Ҳатто моҳҳо ҳам рӯзномаҳои фарзандонашонро варақ намезананд.

Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо назардошти ҳамаи ин ҳолатҳо ба тасвиб расидааст, дар ин самт нақши арзанда мебозад. Зеро тарбияи фарзанд аз оила сарчашма гирифта, дар ҷомеа рушду нумуъ меёбад.

Фарзанд меваи умри одамӣ аст. То он лаҳзае, ки ҷон дар рамақ дорем, набояд аз тарбияи фарзанд дур бошем. Фарзандони худро ҳунар ва илм омӯзем ва онҳоро таълиму тарбияи хуб диҳем, то оқибат ашки ғам аз дидаҳоямон ҷорӣ нашавад. Пас, волидайни азиз, биёед фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Ояндаи мову миллату ин сарзамини биҳиштосо дар дасти онҳост.

Нагузорем фарзандонамон дар кӯчаю хиёбонҳо, одобу рафтор, гуфтори бад дошта бошанд. Нисбати ахлоқи ин гуна ҷавонон  бетарафӣ зоҳир насозем, ҷавононро аз гумроҳшавӣ ва шомилшавӣ ба гуруҳҳои ғайр боз дорем, ҷавонони маърифатдӯсту бофарҳангро ба  камол расонем ва дар зиндагӣ комёб шавем. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва ободонии Ватан камари ҳиммат бандем.

А. СОЛЕҲОВА,

сармуҳаррири рӯзномаи «Нури маърифат»

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *