ҲАМКОРӢ БО МАҚОМОТҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ САҲМ ДАР СУБОТИ КИШВАР

Чоршанбе, 25/12/2019-13:54

 Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия А. Файзуллозода, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон  И. Мирзоев ва сардори ШВКД –и ноҳия А. Неъматзода вохӯрии судманд доир гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, ШВКД, комиссарияти ҳарбӣ, ҷавонон, омӯзгорон, гуруҳи авангард, аҳли ҷамоатчигӣ ва имомхатибони масчидҳо иштирок доштанд.

А. Неъматзода, – сардори ШВКД-и ноҳия, доир татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи  фарзанд», татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» оид ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

Мавсуф инчунин оид ба масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва мубтало гаштани онҳо ба бемориҳои ВНМО (СПИД)  ибрози ақида намуданд.

Дар идома муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят И. Мирзоев ба сухан баромада, аз таърихи воқеаҳои нангини солҳои парешонии миллат ёд оварданд. Ӯ инчунин татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»-ро саривақтӣ арзёбӣ намуда, таъкид ба амал оварданд, ки мо бояд фарзандонамонро пеш аз ҳама дар роҳи  худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Имрӯз  ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон сар мезанад дар оянда рушди минбаъдаи ҳамон ҷавон дар сатҳи фаъолияташ дар хизмати давлатӣ доғдор менамояд, ки ин ояндаи хуб барои ҷомеаи мо надорад.  Нисбат ба тарбияи ҷавонону наврасон, ҳурмату эҳтиром нисбати калонсолон ва занон, масъалаи дарсҳои тарбиявӣ, тарғиби сару либоси бегонаро аз ҷумлаи камбудиҳои имрӯза ҳисобида, дар бораи назорати иҷоранишинон,  омӯзиши қонунҳо, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби аҳли ҷамоатчигӣ андешаҳои худро баён намуда,  ба амал оварданд, ки бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамкориҳои доимӣ дошта бошанд.

Дар идомаи вохӯрии мазкур комиссари комиссарияти ҳарбии ноҳия оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, намояндаи кумитаи  амнияти ноҳия оид ба ҳифзи сулҳу оромӣ аз ҷониби мардум ва ҳамкориҳои аҳли ҷамоатчигӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ибрози ақида намуданд.

         Сархатиби ноҳия Ҳикматулло Сиҷоатов, оид ба тинҷиву амонӣ аз оётҳои Қуръон далелҳо оварданд, ки ҳамаи ин гуфтаҳо моро ба он водор менамояд, ки дар ҳифзу нигоҳдории сулҳу субот ва ободии Ватан саҳмгузор бошем. Мо дар якчоягӣ метавонем сади роҳи нокомиҳои зиндагӣ гардем.

Баҳром  ОДИНАЕВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *