ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

Ҷумъа, 20/12/2019-14:16

Мо бояд Ватани худро  сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем.

Эмомалӣ Раҳмон

 Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи ҳар як шахси  соҳибватан аст. Ватане, ки имрӯз соҳибихтиёру дорои   истиқлолияти комил аст, дар фазояш сулҳу суббот  ҳукмфармост, ҳифзи якпорагии он аз қарзи ҷонии мо маҳсуб меёбад.

Артиши миллӣ  дар шароити ниҳоят душвор таъсис ёфтаву то ин замон  сарбозони шуҷоъи кишвар бехатарии мулкро таъмин намуда, амнияти моро  ҳифз мекунанд. Ватан ҳастии мо, манзилгоҳе, ки васфаш қалбро  мефишорад.

Ҳангоме, ки номи Ватанро ба забон меорӣ, пеши назар модар, бо рӯйи нуронӣ ҷилвагар мешавад. Ватану модар ҳамрадифу азизанд.

Мудофиаи Ватан, тамомияти арзу тӯли он моро вазифадор мекунад, ки  ҳамаи сокинони кишвар ҳамдаст шуда, дар фаъолияти хеш амалан  ватандӯстиву муттаҳидӣ нишон диҳанд. Дар дили насли ҷавон аз хурдӣ  меҳри Ватанро ҷо карда, муҳите ба вуҷуд оранд, ки ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ раванд, бо сари баланд аз ин мактаби мардию мардонагӣ гузаранд.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳо барои васеъ намудани донишу малака ва ҷаҳонбинии ҷавонону наврасон дар кулли соҳаҳои хоҷагии халқ муҳайёст.

Ҷавононони замони истиқлол хушбахтанд, ки дар даврони  истиқолият умр ба cap бурда истодаанд ва метавонанд онро даврони тиллоии давлатдории тоҷикон бигӯянд. Зеро ки зиндагии осуда ва хурсандона дорем. Онҳо барои таҳсили илм, омӯхтани касбу шуғл ихтиёр доранд ва имкониятҳо низ хеле фаровон аст. Ҷавонони моро лозим аст, ки ба корхои беҳуда машғул нашуда, илм омӯзанд, Чунки имрӯз Ватани зебову биҳиштосоямон – Тоҷикистон бояд худамон обод созем.  Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки касб омӯзанд шукронаи неъматҳои Офаридгорро карда, ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расанд. Таърихи бою пурғановати гузаштагонамонро омӯхта, аз ҳаёти ибратомӯзи фарзандони фарзонаи миллат ба монанди Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин  Айнӣ, Абулқосим  Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Аҳмади Дониш ва Эмомалӣ Раҳмон сабақ бигиранд. Зеро имрӯз ҳаёти ибратбахши ин нобиғаҳои илму маърифат ва ин абармарди роҳи сиёсат дар ҷаҳон муаррифӣ гардида, оламиён аз он дарси ибрат мегиранд. 

Бо ҳарфи шукрон аз соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  давлати аз миёнрафта ва миллати парокандаро сарҷамъ намуд, ба ҷавонон гуфтаниам, ки  мисли ду қатраи об дӯст ва ҳамдами якдигар шавед, Ватани ваҳдатободамонро боз ҳам ободтару шукуфотар намоем. Нагузорем, ки нафаре бо чашми бад ба ин кишвари биҳиштосои мо назар афканад. Сади роҳи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғистон шавем. Нагузорем ашхоси бегонае марзи Тоҷикистони азизро убур карда, сулҳу ваҳдат, осоиштагии мардуми азияткашидаи моро халалдор созад. Мо метавонем марзамон ҳимоя кунем ва ҷони хешро фидои меҳани биҳиштосо созем.

Аслиддин Раҷабов,

имомхатиби масҷиди ба номи

«Шайх Раҳматулло»-и деҳаи

«Ҳосилобод», Ҷамоати шаҳраки

«Киров»-и ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *