Душанбе, 16/12/2019- 13:35
Дар деҳаи «Зарбдор»-и Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯи «Фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба хочагидорию кишоварзӣ» вохӯрӣ доир гардид.
Нахуст, зимни мулоқот масъулин иброз доштанд, ки бояд ба дарки ҷомеа расонем, ки истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замин боиси баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии сокинон мегардад. Инчунин, ба дарки мардум, бахусус деҳқонону кишоварзон расонидани нуктае, ки вазифаи онҳо аз ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аст ва ҳамин чиз нақши онҳоро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар ҳифзи амнияти озуқаворӣ муайян менамояд. Дар ин замина деҳқон метавонад ба фурӯши маҳсулоти деҳқонии худ бе миёнарав машғул шуда, даромадашро боз ҳам бештар кунад ва дар айни замон деҳқонӣ кори даромаднок аст.