ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶИ АКБАР АСТ

Душанбе, 16/12/2019-13:40

Бахшида ба рӯзи байналмилалии маъюбон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии  «Мадад»-и Ҷамоати шаҳраки Вахш чорабинии фарҳангӣ бо оростани дастархони идона барои 35 нафар маъюбону бепарасторон доир карда шуд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар чорабинӣ иштирок дошта, ҳозиринро бо рӯзи идашон шодбош гуфта,   ёдовар шуд, ки ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ, аз ҷумла Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор доранд.

Сипас, дар охир ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои ҳизбиён тақдим карда шуд, ки маъюбону бепарасторон ин иқдоми некро давоми  ғамхориҳои бевоситаи  Роҳбари давлат арзёбӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *