ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

Сешанбе, 26/11/2019- 20:30

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқ гардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар ҷамоатҳо вохӯрии гурӯҳи корӣ бо аҳолӣ баргузор гашта истодаанд.

Дар ин мулоқотҳо мудирони бахши кор бо занон, ҷавонон, САҲШ, намояндагони ШВКД, шуъбаи маориф, сархатиби ноҳия шомил буда, оид ба сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриву суҳбатҳои судманд доир карда шуд. Аҳли нишаст оид ба самтҳои асосии фарогири сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати дуюми нерўгоҳи “Роғун” , дар самти риояи талаботҳои қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат масъулияти бештар дошта, аз гароиш ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, дар бораи таблиғи фарҳанги миллӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ ба таври муфассал суханронӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *