МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Якшанбе, 24/11/2019, 19:21

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш мусобиқаи варзишӣ байни  ҷавононро ташкил намуд.

Ҳукумати Точикистон барои ҷавонон  тавассути  оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим  ва омодасозии варзишгарони касбӣ  аз  ҳама имкониятҳо истифода мекунад. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Инчунин,  бояд ёдовар шуд , ки дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ  ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик  ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *