ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ САРЧАШМАИ БАДБАХТИҲОСТ

 Панҷшанбе, 21/11/2019, 21:20

Имрӯз баъзе аз ҷавононеро мебинем, ки мутаассифона ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бо ном динӣ дар асл ифротӣ ҳамроҳ мешаванд. Боиси таассуф ва нигоронӣ аст, ки ин гуна ашхос на ҷиноят ба анҷом мерасонанд, балки хоини миллат ҳисобида мешаванд. Тавре аз фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ маълум аст, ҷавҳари барномаи ин гуна гурӯҳҳо аз байн бурдани давлатҳои мустақил мебошад. Онҳо ба сохти давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ, таърихи ниёгон муқобил буда, нисбати муқаддасот душмани ошкоро буда, афроди ба ин гурӯҳҳо пайваста мақсад ва нақшаи шумашон аз байн бурдани давлати худ, нобуд сохтани мардуми осоишта, ҳамроҳ бо ифротиён ба сӯи миллати хеш меҷанганд. Ба нохалафони ифротӣ ёрӣ дода, хуни ноҳақ мерезанд. Аллоҳ ҷалла- ҷалолоҳ дар Қуръон сураи «Нисо», ояти 93 мефармояд:

«Мусулмоне, ки мусулмони дигарреро қасдан ба ҳалокат мерасонад, пас ҷазояш ҷаҳаннам (пур аз оташ) аст. Дар ин ҷаҳаннам абадӣ боқӣ мемонад ва бар ин қотил ғазаби Худованд ва лаънати бузурги Худованд аст».

Дар ҷойи дигар пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: «Ду мусулмон бо ҳамдигар шамшер (яроқ) ба даст гиранд, ҳамдигарро ба қатл расонанд, ҳардуяшон ба дӯзах андохта мешавад».

Ҳамин оятҳо ва ҳадисҳо нисбати террористон бисёранд, бузургворе мегӯяд:

Як нуқта бас аст, агар шӯр аст,

Варна чу чароғе пеши кӯр аст.

Яке аз чунин гурӯҳҳо, ки аз сустиродагии баъзе ҷавонон истифода бурда, онҳоро аз роҳ мебароранд, ин ҳизби мамнуъ ҲНИ буда, пайваста аз дур истодаву ба сӯйи миллату давлатамон санг мезананд. Роҳбарии ин ҳизбе, ки ҳамчун террористӣ эътироф шудааст, Муҳиддин Кабирӣ ба уҳда дошта, ҳамроҳи лагандбардороне чун Муҳаммадиқболи Садриддин, Темур Варқӣ, Шарофиддин Гадоев ва чанди дигар аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ гардиданд. Хоҷагонашон агар қавле атса занад, чунин ашхос дуқад шуда «лабай» мегӯянд. Чунин лагандбадорӣ рӯзе низ ба охир хоҳанд расид. Чунки онҳо рӯз аз рӯз ба гунаҳ ғарқ гашта, хуни ноҳақи бегуноҳон бар гарданашон бор аст. Як рӯз не, як рӯз оҳи дили бегуноҳон онҳоро хоҳанд гирифт. Аз дур истода, мушханда мекунед, боварӣ доред, ки абадӣ хоҳед монд, хато кардед. Хатое, ки ҳаргиз ислоҳ шудани нест. «Деги сиёҳ бо шустан сафед намешавад»-гуфтанд дар урфият. Булбулони дар қафасеро мемонед, ки майли сайр кардан дар биҳишти ватанро орзу доред, мехоҳед парвозкунон ба сӯйи меҳан баргардед. Вале ҳайҳот…

«Подшоҳе будааст, Ҳорун-рашид бо либоси оддӣ дар бозори кабк дохил мешавад. Кабкҳои зиёде бо ҳар гуна овоз қақразанон садо баланд мекарданд. Қимати кабкҳоро пурсид, аз даҳ ҳазор танга то сад ҳазор танга қимат дошт. Дар кунҷи дигар бозор марде кабкашро ҳазор танга нарх гузошта буд. Сабабашро пурсон шуд, он мард чунин ҷавоб дод: -Дар зери дом кабки ман чунон фарёд мекунад, дигар кабкҳо ин истеъдодро надоранд ва аксарияти кабкҳое, ки шумо дар бозор мебинед маҳсули хидмати ҳамин кабк аст. Подшоҳ Ҳорун-рашид бо ҳазор танга он кабкро харид ва дар байни дигарон он кабкро сар бурид. Мардум суол карданд: -Барои чӣ кабкро сар буридӣ? Подшоҳ чунин ҷавоб дод:-Ҷазои шахсе, ки ба қавми худ хиёнат мекунад, ҳамин аст».

Бузургон фармудаанд:

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Ситамгори бувад бар гӯсфандон.

Саъдии Вахшонӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *