Шанбе, 10/11/2019 – 9:52
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов бо кормандони милитсия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Қурбоналӣ Юсупов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия ва собиқадорони соҳаро ба ин муносибат табрик намуда, таъмини осудагиву суботи кишвар ва амнияти шаҳрвандонро аз хизматҳои шабонарӯзии онҳо арзёбӣ карда, аз ҷумла қайд кард:-“Милитсияи Тоҷикистон аз давраи таъсисёбӣ то ба имрӯз ҳамеша посдори сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагии мардум, тартибу низом ва кафили боэътимоди давлату миллат ба шумор рафта, барои ҳимояи мардуми осоишта саъю кӯшиш, фидокориҳои ватандӯстона нақши арзанда гузоштаанд”.
Дар идомаи чорабинии ба як қатор кормандони Шуъбаи вазорати корҳои дохилаи ноҳия ифтихорномаҳои раиси ноҳия, ба собиқадорони соҳа ва ҷавононе, ки бо милитсия ҳамкории зич доранд, кумаки яквақтинаи моддӣ расонида шуд.
Ҳамчунин ба се корманди соҳаи мазкур, ки фаъолияти хуби корӣ нишон доданд, бо нишони сарисинагии “Аълочии милитсияи тоҷик” мукофотонида шуданд.