СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ «ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА»

Сешанбе, 12/11/2019, 21:03

Дар  маркази омӯзишии атласу адрасбофии ноҳия семинари омӯзишии «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид. Дар семинари мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Т. Азизова, раисони шӯрои занон дар ташкилоту муассисаҳо, намояндаи шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ, имомхатибон, фаъолзанон  иштирок намуданд. Ба иштирок аз ҷониби коршиносон варақаҳои иттилоотӣ тақдим карда шуд. Оид ба масоили мухталифи ҳалталаб  мубоилаи таҷриба ва афкор намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *