ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АМАЛИ НОМАТЛУБ

8/11/2019-13:13

Дар чанд соли охир терроризм ҳамчун проблемаи рақами як дар ҷаҳони муосир шинохта шудааст. Терроризм ҳамчун  падидаи пурхатар ҳаёти осоиштаи сокинони сайёраро халалдор намуда, ҳар рӯз дар кишварҳои ҷангзада ба мисли Сурия, Ироқ ва Афғонистон дар натиҷаи амалҳои террористӣ  теъдоди зиёди одамон ба ҳалокат  мерасанд.

Экстремизм ё ки ифротгароӣ ин кору пайкор ва амали ифротии шахсонест, ки тавассути даъват мехоҳанд, ба сохти давлатдорӣ ва ба сохти конститутсионӣ халал ворид созанд.

Шинос намудани насли наврас ба симои ҳақиқии террористон ва мафҳуми террор  вазифаи мактабу ҷомеа ва дигар ташкилотҳо маҳсуб меёбад. Мардум бояд донанд, ки террористон душманони ҳақиқии сулҳу озодӣ ва Ваҳдати миллатҳои дунёанд. Амалҳои ваҳшиёнае, ки онҳо иҷро мекунанд, аз доираи ахлоқу  одоби инсонӣ берун буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро маҳкум менамоянд.

Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо хизматҳои шоиста карда истодааст. Дастовардҳое, ки бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллатамон ба даст омадааст, дар таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин дарҷ мегардад. Баромадҳояш аз минбарҳои баланди байналмилалӣ шарафу нуфузи мардуми тоҷикро дар байни давлатҳои хориҷа боз ҳам баландтар мегардонад. Ҳамаи талошҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми аҳли ҷомеаро метавонад руҳбаланд намояд ва ҳамаи моро зарур аст, ки шукронаи ин давлату Пешво бошем  ва нагузорем нохалафе ба сӯи миллату давлатамон чашми бад андозад.

Аммо то ҳол ҳастанд шахсоне, ки ба ин миллати сулҳхоҳу ватандӯстӣ мо ҳасад бурда мехоҳанд, ки кишвари орому осудаи тоҷиконро ноором созанд.

Як гурӯҳи террористӣ аз минтақаи Қалъи Зори Афғонистон санаи 3-юми ноябр вориди Қубодиён гардида, шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи №4 «Ишқобод» ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла намудаанд. Дар натиҷаи ҳамлаи террористона маъмури милиса Баҳром Шоҳзода, нозири минтақавии деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ва марзбон Иззатуллоҳи Абубакр аз маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, ки 26 сол дошт ба ҳалокат расиданд. Инчунин 15 нафар аъзоёни гурӯҳи «ДОИШ» низ ба ҳалокат расониданд, ки аз миёни ҷасадҳо ҷасади зан низ пайдо шуд ва аз ин маълум мешавад, ки зан низ аъзои ин гурӯҳ будааст. Аммо дар мавриди шахсияти ҳамлагарон ва ин ки шаҳрванди кадом кишваранд, феълан маълумот пешниҳод нашудааст ва аз болои ин қазия тафтишот идома дорад.

Ҳамаи ин ҳолатҳоро дида моро зарур аст, ки барои ҳифзи обу хоки ватани маҳбубамон шабонарӯзӣ заҳмат кашему нагузорем, миллати тоҷик дубора шаҳди нокомиро чашад. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, барои рушду пешрафти Тоҷикистони ҷавон саҳми арзанда гузорем.      

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбия ва ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонон  сол аз сол тамоми шароитҳоро муҳайё месозад. Чун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қувваи созандаи ҷомеа ҳисобиданд, барои инкишофу пешрафти маънавии онҳо соле даҳҳо мактабу  муассисаҳои  типпи нави замонавӣ, истироҳатгоҳҳо, майдончаҳои  варзишии  хурду  калон, ҳавзҳои шиноварӣ  ва  ғайра бунёд карда шуда  истодааст, то ки ҷавонону  наврасон ба  беҳудагардию  корҳои номатлуб даст назананду барои пешрафти сулҳи ҳамешагӣ дар меҳанамон саҳмгузор бошанд.

 С. САЛИМОВА,

хабарнигори «Вахш»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *