Сешанбе , 05/11/2019 – 20:22
Дар толори Кохи фарҳангии ноҳия, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, зиёиён, фаъолони ноҳия, чорабинии сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Қурбоналӣ Юсупов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш бо сухани табрикӣ дар назди ҳозирин баромад карда, аҳли нишастро ба ин санаи муҳими тақдирсози миллат Рӯзи Конститутсия табрику таҳният намуд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ Муминзода Ҳасан Камол, раиси суди ноҳия суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо барномаи фарҳангии хешро, табъи ҳозиринро болида гардониданд.