САРҚОНУН

5/11/2019- 11:10

Бахти мо даврони мо Сарқонун аст,

Покии виҷдони мо Сарқонун аст.

Амри қонун амри виҷдони ман аст,

Шуҳрату ҳам шони мо Сарқонун аст.

Хатти озодии мо равнақ гирифт,

Парчаму даврони мо Сарқонун аст.

Давлати бемарзу қонун ҳеҷ нест,

Эй дило майдони мо Сарқонун аст.

Адлу қонун чашми миллатро кушод,

Нури ду чашмони мо Сарқонун аст.

Ҳайдаро, бо амри дил хизмат намо,

Довару фармони мо Сарқонун аст.

Шарофиддин Ҳайдарӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *