Сешанбе 5/11/2019 – 14:36
Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар вилояти Хатлон Исмоил Шафиеф ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов семинар-машварати ҳизбӣ доир карда шуд.
Дар семинар-машварат узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби занон, ҷавонон, ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ширкат доштанд.
Зимнан Исмоил Шафиев ба сухан баромада, дар бораи моҳият ва муҳтавои маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи дар пешистода ҳарф зада, ҳамагонро таъкид намуд, ки моҳияти интихоботро дуруст дарк намоянд ва дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳмгузор бошанд.
Сипас, Маҳмадулло Наимов доир ба шаффоф ва дар доираи қонунҳои амалкунанда баргузор гардидани интихобот, пешгирӣ аз қонуншиканӣ сухан гуфта, аъзои ҳизбро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ ҳидоят кард.
Дар охир дигар шахсони даъватӣ низ дар бораи масъалаҳои мазкур фикру ақидаронӣ карда, ҷамъомадагонро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор шудани маъаракаи муҳими сиёсӣ, ки масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад, даъват карданд.