ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ

 Сешанбе 5/11/2019 14: 46 

Дар деҳаи «Қизилсой-3»-и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарияти  Кумитаи иҷроия  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили терроризм, экстремизм, худсӯзӣ, худкушӣ, содиршавии ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир суханронӣ карданд.

Инчунин хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нангу номус ва қарзи ҳар як ҷавонмард аст. Бояд  он қолабҳои куҳнаи фикриро дар бораи гурезонидани фарзандон аз хизмати ҳарбӣ шиканем ва онро ҳамчун мояи нангу номус баррасӣ карда, бо назардошти бартарафсозии омилҳои он падару модаронро ҷиҳати ташвиқи фарзандон барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ  дилгарм созем.

Дар ин самт тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад.

Шабафрӯз, рӯзноманигор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *