ИҚДОМИ НАКӮ

04/11/2019- 19:56

Бо ташаббуси инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки рӯзи 25 октябри соли 2019-ум имзо гузоштанд, ки дар асоси Қонуни мазкур зиёда  аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон озод карда шуданд.

Ин бори дигар собит сохт, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои накуву инсондӯстонаи хеш ҳамеша мунису ғамхори халқи кишвар буда ҳаст. Мо бояд ба қадри ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат расем. Шукрона созем, ки Худованд моро инсон офарид, тамоми нӯшу неъматҳои илоҳиро насибамон гардонид. Ақли расо, забони гӯё, чашми бино, гӯши шунаво, пойи равон, дасти гиро додаст, то аз неъматҳои додаи Яздони пок шукрона созему дар рушду нумуи кишварамон саҳмгузор бошем.

Шукронаи сулҳу ваҳдат, иқболи накуву тинҷию амонӣ, соҳибистиқлолӣ ва ободии ватани биҳиштосо – Тоҷикистони азизро кунем, ки дар арафаи 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 ҳазор маҳбусонро аз зиндонҳо озод намуданд, ки чандин сол боз дар орзуи дидори наздикону пайвандони хеш буданд. Аксарияти маҳбусонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҳамчун падари миллат шабонарӯз андешаи онро кард ва ба хулосае омад: «Аз ҷавонон хатою аз бузургон ато», яъне бахшидан амал намуд.  Сарвари давлат нагузошт, ки ҷавонон, занону модарон, нафақахӯрон умри худро дар маҳбас адо намоянд. Дарду алами модароне, ки аз кирдорҳои ношоистаи фарзандони хеш хун мегиристанд, дарк намуд. Дарди модарони муштипарро дар худ қабул намуда, сади роҳи ашкрезиҳои модарон гашт, то модари тоҷик ҳамеша хушнуд бошад. Мо-зиёиён бори дигар аз амалҳои шоиста, дастгириҳои беандоза, ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллатро омӯхта, сармашқи кори худ намоем. Ҳамаи ин осудагию оромӣ, якдилӣ, ваҳдату ягонагӣ ва соҳибистиқлолии кишварамон аз заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлатамон мебошад.

Хурсанд намудани шахсони барҷомонда, дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон ва сила намудани сари ятимон яке аз хислатҳои инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки айни ҳол дар тамоми ташкилоту муассисаҳо 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда истодаанд.

Бигзор Конститутсия – бахтномаи тақдирсози миллату давлати тоҷикон дар зери парчами сулҳу суббот пойдору ҷовидонӣ боқӣ монад. Мо-тоҷикон кӯшиш намоем, барои ободу зебо гардидани давлату механи хеш саҳми арзандаи хешро гузорем.  

Конститутсия ҳимоятгари мост!

25 солагии Конститутсия муборак!

Тоҷинисо Атозода, мушовири шуъбаи маориф

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *