«ГРАНТ»-ҳои бебозгашт бар ивази нангу номуси миллӣ!

04/11/2019- 9:32

Имрӯзҳо дар арафаи сафари кории Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоӣ як гуруҳ террористону ҷинояткорони хавфнок, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор кардаву лухтаки дасти аҷнабиёнгашта дар хориҷ паноҳ бурдаанд, бо супориши хоҷагони хеш бо баргузории пикету намоишҳои эътирозии саҳнасозишуда мехоҳанд ба барномаи сафари кории Президенти кишвар халал ворид намоянд. Боиси зикр аст, ки Кабирии хоину пайраваконаш нафақат аз тартиботи демокративу озодиҳои кишварҳои аврупоӣ сӯйистифода намуда, дар паи ба даст овардани маблағҳои «ГРАНТӢ» даст ба ҳамагуна амали зишт бар зидди давлату ватани мо мезананд, балки фаъолияти озоди ифротгароёнаи онҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки хоинони миллату ватани моро кадом дасти неруманди аҷнабие, ки дер боз дар қалб нисбати ватани мо душманӣ меварзад пуштибониву сарпарастӣ мекунад. Маъмулан дар чунин ҳолатҳо аз душманони аҷнабӣ гиламанд шудан нашояд. Зеро давлатҳо ва миллатҳои ташаккулёфтаи воҳидгашта   дар паи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва фарохтар намудани имкониятҳои зери нуфузашон қарордошта ҷињати зархаридӣ ва гумошта кардани намояндаҳои бесаводу чизпарасти дигар қавму миллатҳо ҳамеша талош меварзанд. Вале вақте, ки Кабирии хоину пайраваконаш ба ивази маблағи ҳароми ночизе бар зидди миллату давлати хеш садо баланд мекунанду ба  манфиатҳои миллӣ халал ворид мекунанд, барои ҳар фарди худогоҳу миллатдӯст хомӯш нишастан нобахшиданист. Пеш аз ҳама  наздикону пайвандони хоинони бадзотро, ки дар ватан орому осуда басар мебаранд бояд виҷдону имонашон азоб диҳаду садо баланд кунанд. Вақте, ки ҳар  қадами ба сафари хориҷ гузоштаи Пешвои миллат, ки маҳз ба манфиати миллату давлат мебошаду самараҳои манфиатбахш меораду аз ҷониби давлат тарҳрезӣ гаштааст, чигуна метавон ҳаракатҳои як  гурӯҳи ҷиноятпешаи хоинонро, ки бо роҳи баргузории митингу пикетҳо   ҷиҳати лағв ва ё халалдор сохтан ба барномаи сафари кории Президенти кишвар метавон ором ва бо таҳаммул назора кард? Президенти кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгари миллату Ватан мебошад. Таҳқир ва ё беҳурматӣ ба Президент паст задани миллату Ватан маҳсуб меёбад. Касе ҳақ надорад ба Президенти як кишвар, ки таҷассумгари симои миллионҳо одамон мебошад, бе ҳурматӣ зоҳир намояд. Ҷавонмардони боору номуси миллат ба бадхоҳону душманони Пешвои миллати хеш ҳатман ҷавоби муносибу дандоншикан медиҳанд. Ҳарчанд мавқеи сиёсӣ ва ақидаҳо бо ҳукумат хилофи хам бошанд ҳам ягон мухолифини солимақлу миллатдӯст ҳеҷгоҳ бар хилофи манфиатҳои миллӣ амал намекунад. Кабирии хоину  пайраваконаш чӣ дар гуфтор ва чӣ дар либоспӯшӣ ба охундҳо тақлид карда, Эронро  хоҷаву падари маънавии худ хондаву аксаран худро ба оғӯши хоманаиҳо мепартоянд,  намебинанд, ки мухолифини ҳукумати Эрон ҳазорон бор аз  шумо дида бо саводу бо тақво мебошанд, ба шумора низ чандин карат зиёд ҳастанд ва аз ҷабри зулми муллоҳои мансабдор фирорӣ гашта, дар хориҷ паноҳ бурдаанд оё боре ҳам ба сафари давлатмардони кишвари худ дар хориҷ муқобилият нишон додаанд? Ҳаргиз на! Ин шумо ҳастед, ки нангу номуси миллӣ, ҷавонмардии тоҷиконаро хеле арзон ба қимати ночизе балки ба ивази таскини нафси ҳароми худ ба фурӯш гузоштаед. Аз бешарафии шумо як маротиб Ватан ба харобазор табдил ёфта буд ва боз мехоҳед онро ба хористон мубадал созед. Вале ҳаргиз ба ҳадафҳои нопокатон намерасед! Шумо арзонфурӯшони нангу номуси миллӣ ба ивази «ГРАНТ»-ҳои бебозгашт ватану миллатро ба фурӯш гузоштаед. Вале ҳаргиз фаромӯш насозед, ки то даме ҷавонмардони миллат ҳаёт ҳастанд, он муқаддасотеро, ки шумо ба савдо гузоштаед, ҳаргиз ба фурӯш намеравад.

О. Маҳмадов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *