ҲАЁТ БЕЗӮРОВАРӢ

Худованди бузург дар Қуръони Карим мефармояд: Ва ошируҳунна билмаъруф…

Сураи Нисо, ояти 19

Яъне «бо занон бо ваҷҳи писандида зиндагӣ кунед ва занонро нописанд (беҳурматӣ ё зӯроварӣ) накунед, шояд дар занони шумо хайри бузурге бошад».

Аз маъноҳои ояти маънидодшуда бармеояд, ки занон дар назди Худованд қадри бузург дошта, зӯроварӣ ва хиёнат бо занон муқобили ояти дар боло зикргардида мебошад.

Дар охири оёт омадааст: «Шояд дар ин занон барои шумо хайри бузурге мебошад».

Аҳли уламо иттифоқанд ҳамаи олимон, донишмандон, ҳатто пайғамбарон аз модарон таваллуд шудаанд.

Боз Аллоҳ ҷалла-ҷалолаҳу дар Қуръони Карим сураи «Рум», ояти 21 мефармояд: «Ва аз нишонаҳои (қудрат) дигари Худованд ин аст, ки барои шумо мардон аз ҷинси худатон зан офарид, то ба онон занон ором гиред ва дар байни шумо меҳру муҳаббат офарид ва барои бандагоне, ки андеша менамоянд нишони бузург аст».

Аз ин оёти зикргардида бармеояд, ки неъмати зан барои мардон ниҳоят зарур буда, бояд зиндагӣ ором ва осуда бо меҳру муҳаббат гузаронанд. Агар зиндагӣ бидуни зӯроварӣ гузорад, яъне бо эҳтироми тарафайн гузарад 100 (сад) сол марду зан якҷоя бошанд, аз ҳамдигар сер нашаванд. Бузурге фармудааст:

Умр агар хуш гузарад зиндагии Хизр кам аст,

В-арна нохуш гузарад ними нафас бисёр аст.

Мутаассифона, аз ҷиҳати зӯроварӣ ё нофаҳмӣ байни оилаҳои ҷавон ҷудоӣ ба амал омада истодааст. Мувофиқи маълумоти омори дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафаи сабти асноди шаҳрвандии ноҳия 1100 оила ақди никоҳи расмӣ баста, аз ин 84 ақди никоҳ бекор карда шуданд, ки бо қарори суд 73 ҳолат, бо розигии тарафайн 11  ҳолат буда, нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 40 адад зиёд мебошад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳимоя ва ҳуқуқи оила барпо намудан, асоси давлат ба ҳисоб рафта, зери ҳимояи давлат қарор дорад».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013 қабул гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро дар кишвар «Соли оила» эълон карданд ва таъкид доштанд: «Тараққиёт, пешрафт ва гул-гулшукуфои кишвар ва ояндаи ватани маҳбубамон аз дасти фарзандони шумост».

Аз ин рӯ, падару модаронро зарур аст, ки фарзандони худро зери масъулияти бузург қарор дода, аз беҳуда гаштан ва аз мактаб дур мондани фарзандон эҳтиёт бошанд.

Агар волидайн дар назди фарзандони хурдсоли худ китоб, қисса, ҳикоя, ё шеъре хонанд, албатта ба фарзандони хурдсоли онҳо таъсир мекунанд ва шавқу рағбат фарзандон дар оянда ба китоб дучанд хоҳанд шуд.

Устод Садриддин Айнӣ фармудааст: «Ҳамон волидайне хушбахт аст, ки фарзандонаш бо илми дониш ва рағбати бузург дорад».

Фарзанди хуб боғи падар,

Фарзанди хуб доғи падар.

Фарзандоне, ки мехонад, медонад, яъне мутахассиси хуб аст, бо меҳнати ҳалол зиндагиро пеш мебарад. Фарзанди ноқобиле, ки касбу ҳунаре аз худ накардааст, як умр хору залил мегардад. Ҳамеша муҳтоҷи дастгирии дигарон аст. Дар як ривояте омадааст:

«Панҷ нафар донишманд таҷриба мегузаронанд, яъне ду ҷавон дар як шаб издивоҷ мекунанд, ин донишманд солу моҳу издивоҷро дар китобе қайд менамоянд. Баъди 10 сол он панҷ донишманд ба суроғи он ду ҷавон раҳсипор мешаванд. Дар дар хонадони яке аз он ҷавонҳо меҳмон мешаванд, дар рафти суҳбат аён мегардад, ки онҳо соҳиби 3 фарзанд, якумин 8 сола, дуввум 7 сола ва саввумин 5 сола мебошанд. Мутаассифона ҷавони якум зиндагиро бо зӯроварӣ гузаронида, байни зану шавҳар беэҳтиромӣ, нофаҳмӣ ва ҳардуяшон ҳам бемор асабҳояшон хароб, вазъи иқтисодӣ коста, шароити оилавӣ бад, фарзандон бетаҷриба, бетарбия ва саргардон буданд. Фарзандон бо алфози қабеҳ бо ҳамдигар ҷанҷолу хархаша мекарданд. Ҳар сухане дағале, ки падар ба забон меовард, фарзандон низ дар оила чунин рафтор мекарданд.

Баъдан донишмандон ба хонаи ҷавони дигар ташриф оварданд, ки дар ин оила дӯстию иттифоқӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҷорист. Аз чеҳраҳои марду зан маълум гардид, ки саломати ҳардуяшон хуб асту шароити иқтисодӣ ва оилавӣ беҳтар. Фарзандони солеҳу солиҳа насибашон гардида, боақлу заковати хеш дар хидмати волидайни худ буданд».

Аз ин ривоят бармеояд ҷавононе, ки ба зиндагии мустақилона қадам мениҳанд, маърифати оиладориро омӯзанд. Пас аз издивоҷ ҳамдигар дӯст доранд, ҳурмату эҳтиром намоянд, ҳаётро бе зӯроварӣ идома диҳанд. Оқибати ҳамдигарнофаҳмӣ, зӯроварӣ ба ҷудоӣ оварда мерасонад. Дар дини мубини ислом, дар китоби осмони Каломи шариф сураи «Нисо, ояти 21» омадааст:

«Ва бандагони Худованд чи гуна ҷудо мешаванд аз ҳамдигар, ҳоло, ки аз ҳамдигар ком (лаззат) ситониданд ва занон аз шумо паймони (боварӣ) устуворӣ доштанд».

Аз ин оёти зикргардида бармеояд, ки мардон дар ақди никоҳе, ки бастанд, ба занон аҳду паймон бастанд, дар шодию ғами ҳамдигар шариканд, илло не муртакиби гуноҳи бузург мегарданд.

Пайғамбарамон дар китоби «Мушкоти шариф»  овардааст: «Зиштарин ё пасттарин калима дар назди Худованд калимаи «талоқ» ба ҳисоб меравад. Ё дар ҷойи дигар омадааст, ки издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, ки ҳар оийна дар талоқ додан арши Парвардигор меларзад.

Аз нигоҳи шариат талоқ рухсатиест, ки дар ҳолати бефарзандӣ, аз ташхиси табибон гузаштан ва розигии ҳамдигар метавонанд, аз ҳам ҷудо шаванд ё байни зану мард нофаҳмӣ сар мезанад, мо калонсолон бояд онҳоро оштӣ созем. Бо панду насиҳат оилаҳои онҳоро аз пошхӯрӣ ҳифз кунем. Дар ҳолати аз ҳад гузаштан дар шариат мард 1 талоқ иҷозат медиҳад на 3 талоқ.

Бузургон фармуданд:

То тавонӣ пой манеҳ андар талоқ,

Абғазул-ҳалоли Илаллоҳ атталоқ.

Яъне, бадтарин калимаи ин талоқ аст.

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *