КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

6-ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули Конститутсия-қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, санаде, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, қабул намуд.

Ин ҳуҷҷати таърихӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз ба шумор меравад.

КОНСТИТУТСИЯ-истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, дар пешрафту устувории ҷомеаи мутамаддин нақши босазое дорад. Асосҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи ҷомеаро мутобиқ сохта, барои мустаҳкам гардидани истиқлолияти воқеъи давлат  ин қонун замима гузошт.

КОНСТИТУТСИЯ-маҳзари тақдирсози кишвар буда, бо ироаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. КОНСТИТУТСИЯ-дар ҷомеа фазои ягонагӣ, сулҳу субот, якдилию якмаромиро пойдор намуда, баҳри пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоӣ шароит муҳайё сохт.

Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон роҳи ташкили ҷомеаи мутамаддини муосирро пеш гирифтааст ва дар ин роҳ қадамҳои устувор мегузорад-омадааст, дар сароғози ин санади муқаддасу тақдирсоз. Зеро риояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар, таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи субботу оромӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар яки мост.

Конститутсия-давлати моро ба сифати давлати иҷтимоӣ муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ва рушду такомули фаъолияти озоди соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва замина гузоштааст.

Мо имрӯз дар натиҷаи ҳамгироиву ҳамрайъӣ тавонистем, ба ҷаҳониён собит созем, ки мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро соҳиб гардидаем ва тавассути сулҳу суббот ва ваҳдати комили хеш ба пешравиҳои зиёде ноил гардидем. Бояд  иқдоми наҷибу сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо ҷавонон сармашқи кори худ намуда, ба сӯйи ояндаи неку босаодати миллат содиқона гом занем. Дар пешрафти тараққиёти мамлакат, ободию озодии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорем. Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолем ва мо метавонем, ки Ватанамонро бо дастовардњои бузург ба ҷаҳониён муаррифӣ созем. Бо дастгирии ҷавонони бонангу номуси Ватану давлатамонро ободу зебо мегардонем.

 

Ашӯргул Солеҳова,

сармуҳаррири рӯзномаи «Нури маърифат»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *