Панҷшанбе, 24.10.2019, 12:46
Ободию созандагӣ ва ҳаёти хуррам дар фазои орому осоишта масъулияти ҳар як шаҳрвандро боз ҳам бештар менамояд. Аз ин рӯ, барои тозагию сарсабзии маҳалли зист ва ободонии ин кишвари азиз саъю кӯшишҳои сокинони ноҳия ниҳоят зарур мебошад. Ҳамин аст, ки корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва гулшинонӣ дар ноҳияи Вахш бомаром идома ёфта, натиҷаҳои назаррасро ба бор оварда истодааст. Аҳли заҳмати ноҳия, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроия, соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмону коммуналӣ Ҷамоати шаҳраки Вахш дар пешрафту зебоии ноҳия саҳми боризе нишон дода истодаанд. Бо фаро расидани тирамоҳ ба тозагию гулшинонӣ машғул ҳастанд, ки бори дигар аз ватандӯстию мутаҳҳидии аҳли зиё дарак медиҳад.
Набояд мо фаромӯш созем, ки пешбарандаи ҷомеа ҳар узви он маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар баробари дигар фаъолони қишри ҷомеа набояд ҳар нафари миллатдӯсту созандакор бетарафиро ихтиёр намояд. Дар баъзе мавридҳо бемасъулиятии нафаронеро дидан мумкин аст, ки ба қадри заҳмати дигарон намерасанд. Ҳатто ба гулу дарахтоне, ки дар назди манзили истиқоматиашон ҷойгир аст, аҳамияте намедиҳанд. Албатта, барои шукуфонии ноҳия мо аввалиндараҷа маданияти баланди зебоипарастиро дар қалби насли имрӯз ҷо намоем, то ки барои ояндаи миллату давлат хидмати шоистае намоянд. Ба чизи муҳиме, ки имрӯз таваҷҷӯҳи кам зоҳир мегардад, ин обод намудани муҳити зист аз ҷониби бархе истиқоматкунандагон мебошад. Маърифат надоштани нигоҳдории муҳити зист моро аз ободкориҳо боз медорад. Дар чунин корҳои ободонию бунёдкорӣ мо беаҳамиятиро ихтиёр намоем, магар дуруст аст? Агарчи ободии ҷомеа бунёди роҳу сохтмон аст, масъалаи ҷиддии дигарро низ асоси ободӣ метавон гуфт, ки ин тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист мебошад. Дар баробари ҳама заҳматҳову кӯшишҳои роҳбарияти Ҳукумату давлат аз маҳали зисти худ сар карда, тозагиро ҳамеша бояд риоя намоем.
Сарчашмаи ҳамаи созандагиҳо имрӯз аз хидматҳои родмардони баору номуси ин миллат буданд, ки сулҳу ваҳдатро барои дигарон боқӣ гузоштанд. Пас мо ин дастоварди бузурги миллатро эҳтиром намуда, то андозае содиқона барои ободонӣ саъй намоем. Вақте фаро расидааст, ки бо азму ниятҳои нек, якдигарфаҳмию мутаҳҳидӣ бори дигар кишвари худро боз ҳам ободтару зеботар гардонем. Дигар халқҳои ҷаҳон, имрӯз таваҷҷӯҳ ба ин минтақаи зебоманзари Тоҷикистон менамоянд, ки дар ҳақиқат мо мардуми дорандаи фарҳанги қадима метавонем, ободию созандагии кишвари биҳиштосои худро ба онҳо муаррифӣ намоем. Бо боварӣ метавон гуфт, ки рўз аз рўз сокинони ноҳияи Вахш таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўйи ободию созандагӣ қадамҳои устувор хоҳанд гузошт.